http://balkhi.tj/
ВОХӮРИИ СУДМАНД
24-09-2021, 04:56 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии муфид бо сокинони ноҳия баргузор гардид.

      Дар ин вохӯрӣ муовини аввали судяи Суди вилояти Хатлон Бойзода Темур ва муовини судяи Суди вилоят Аҳёзода Шамсулло иштирок ва суханронӣ намуданд. 

      Баромадкунандагон оид ба масъалаҳои судӣ аз ҷумла ҷудошавии оилаҳо, баҳсҳои оилавӣ, ҳуқуқи занону кӯдакон ва маскун кардан дар манзили зисташон машварати ҳуқуқӣ пешниҳод намуданд. 

      Бойзода Темур зимни суханрониаш оид ба масъалаи маскун шудан ба манзили истиқоматӣ аз ҷониби оилаҳои пошхӯрда, вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ, баҳсҳои манзиливу оилавӣ ва рӯёндани алимент маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, иброз намуд, ки имрӯз вақте расидаст, ки савияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд баланд бошад. 

     Ҳамзамон қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ тамоми кӯшишу ғайраташонро дар он равона менамоянд, ки мардуми тоҷик иннсонҳои бо савод, тафаккури баланд дошта бошанд, то ин ки ҳуқуқу вазифаҳои худро донанд ва худро тибқи қонунҳои роҳандозикардашуда ҳимоя карда тавонанд.

    Дар навбати худ Аҳёзода Шамсулло, муовини судияи Суди вилояти Хатлон зикр дошт, ки солимии оилаҳои сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин солимии давлат буда ва ҳар як падару модар уҳдадор ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон саҳми босазо гузошта, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дӯст доштани арзишҳои миллӣ тарбият намоянд.

     Дар охири ҷалласаи мазкур сокинон ва иштирокдорон суолҳои худро ба меҳмонон пешниҳод намуда, ба худ ҷавобҳои ҳуқуқиву лозимии хешро гирифтанд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 25  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.