http://balkhi.tj/
БА ҚАДРИ ХИЗМАТҲОИ ОМӮЗГОРОН БОЯД РАСИД
11-10-2021, 12:00 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Қадр кардани хизматҳои омӯзгорон ҳам қарз ҳасту ҳам фарз. Давлате, ки ба масъалаи таълиму тарбия ва дастгирии омӯзгорон аҳамияти махсус медиҳад, бешубҳа ояндаи он дурахшон аст. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф тавваҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.

     Мусоева Барчингул истиқоматкунандаи деҳаи Пахтаарали ҷамоати деҳоти Золи Зар буда 22 сол умри пурбаракати хешро сарфи таълиму тарбия намуда дар муассисаи таълимии №27 ба хонандагони синфҳои ибтидои дарс мегуяд.

    Мавсуф иброз менамояд, ки «ҳаётамро бе таълиму тарбияи насли наврас тассавур карда наметавонам, доимо кушиш менамоям, ки шогирдонро дар руҳияи ватандӯсти хештаншиносӣ таълим дода, мехоҳам шогирдони ман дар оянда хизматгори ин меҳани аҷдодии хеш бошанд».

     Мусоева Барчингул соҳиби се фарзанд як писару ду духтар мебошад. Мусоев Шокир писари Барчингул касби модарашро интихоб намуда баъди хатми донишгоҳ ӯ низ дар ин муассиса аз фанни забонианглисӣ ба шогирдон сабақ медиҳад.

     Духтаронаш Турзигул ва Умеда бошанд касби табибиро пеша намуда ҳолло Турзигул дар бунгоҳи тиббии деҳаашон фаъолият намуда ба беморон хизмати тибби мерасонад.

Мусоева Барчингул дар байни колективи омӯзгорон обру ва эътибори баланд дошта  аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия борҳо бо сипосномаҳо барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас мукофотонида шудааст.

      Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониҳояш тақкид менамоянд, ки соҳаи маориф соҳаи калиди буда аз омӯзгорони пуртаҷриба вобастаги бузург дорад, зеро давлату миллат  дар оянда дар дасти ҷавонону наврасон буда омӯзгорон мувазафанд, ки барои ояндаи Тоҷикистони азизи хеш кадрҳоеро ба воя расонанд, ки номбардори давлати худ дар арсаи ҷаҳони бошанд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 11  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.