10 НОЯБР – РӮЗИМИЛИТСИЯИТОҶИК

     Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Дар ҳақиқат, кормандони милитсия баҳри тинҷиву осоиштагӣ ва амнияти сартосарии мамлакат ба таври шабонарӯзӣ хизмат менамоянд. Имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандони милитсия ва баланд бардоштани имкониятҳои иҷтимоии онҳо тамоми чораҳо андешида мешаванд. Кормандони ин ниҳоди боэътимоди давлат дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба халқу ватани хеш содиқона хизмат намоянд. Маҳз ҳамин хизмати софдилонаи онҳост, ки имрӯз сокинон дар симои корманди милитсия ҳомии худро мебинанд. Полковники милитсия Нурализода Суҳроб Ғулом аз ҷумлаи он нафароне мебошад, ки баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ саҳм мегузорад. 

 МАРЗУ БУМИ ВАТАН БАРОЯМОН МУҚАДДАС ВА БУЗУРГТАРИН АРЗИШ АСТ

   Тоҷикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дӯстона доштанд, солҳои ахир баъзе ашхоси қирғиз тухми кинаву адоватро миёни мардум кошта, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ намоянд. Ҳоло он, ки дар ҳуҷҷатҳои таърихии тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 хати марз муайяну мушаххас гардидааст. Чунин амалҳо ва бемурувативу рафторҳои номуносиби бародарони қирғиз дар масъалаҳои марзӣ мардуми Тоҷикистонро ба шӯр оварда, сабри ин миллати куҳанбунёдро лабрез кардааст.

 ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Санаи 4 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии идона баргузор гардид. Сараввал раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ба сухан баромада, ҳозиринро ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Қайд гардид, ки Конститутсия замони Истиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 барои бунёди мамлакати ободу пешрафта, таъмини амнияту осоиштагӣ, сулҳу озодӣ ва рушду инкишофи ояндаи давлати тозаистиқлол замина гузошт.

   Санаи 8-уми ноябри соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур раиси ноҳия, раиси Шӯро Убайдуллои Файзулло, аъзои Шӯро, инчунин аъзои комиссияи даъватӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд. 

                «АЛБОМ-ЭСТАФЕТА» ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ    Санаи 26 октябри соли 2022 Аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета" аз ноҳияи Вахш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ расид. Аксияи мазкур бо иштироки раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Лола Сулаймонова сурат гирифт. 

 МО БАРОИ ҲИМОЯИВАТАНИАЗИЗАМОНҲАМЕШАТАЙЁРҲАСТЕМ!

   Тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гурӯҳи кории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 19 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати шаҳраки Гулистон бо сокинони ин ҷамоат вохӯрӣ гузарониданд. Дар вохӯрии болозикр муовини раиси ноҳия, раиси комиссияи даъватӣ Бегмурозода Файзиддин, Прокурори ноҳия Собирзода Искандар, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ Нурализода Суҳроб, и.в сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Ҳалимов Ҷамшед, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳо иштирок ва суханронӣ намуданд. 

                                             ВОХӮРИИ МУФИД

    Рӯзи 20 ноябри соли ҷорӣ Тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гурӯҳи кории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Маданият бо сокинон вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия, раиси комиссияи даъватӣ Бегмурозода Файзиддин, Прокурори ноҳия Собирзода Искандар, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ Нурализода Суҳроб, и.в сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Ҳалимов Ҷамшед, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

ВОХӮРИИСУДМАНД

 Санаи 18-уми октябри соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гурӯҳи кории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар толори шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрии муфид гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия, раиси комиссияи даъватӣ Бегмурозода Файзиддин, Прокурори ноҳия Собирзода Искандар, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ Нурализода Суҳроб, и.в сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Ҳалимов Ҷамшед, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳо иштирок намуданд. Сараввал Прокурори ноҳия Собирзода Искандар суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар замири ҷавонон фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як ҷавонмард мактаби мардонагист, сафарбар намоянд. 

ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ДАЛЕРИЮ ШУҶОАТАСТ

    Хизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар кас ба Ватани худ содиқона хидмат мекунад. Хидмат ба Ватану халқ қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат аст. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозонаш мефахрад, зеро на ҳар кас сарбоз шуда метавонад. Набояд фаромӯш кард, ки ба сарбоз 3 чизи аз ҳама муқаддасро бовар кардаанд: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан, Модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан ва ҳамчунин пойдор намудани сулҳ дар ҷаҳон. Бале, ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагӣ, Ваҳдат ва Истиқлол расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд дарк намуда, дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд. Маврид ба зикри хос аст, ки ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони шуҷои Ватан, ҷавонони боору номуси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо сарбаландӣ ва азму иродаи қавӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат мебанданд.

                     ЗАНИ ДАР СУҲБАТИ СОҲИБДИЛУ НЕКНОМ

   Арҷгузории баланд ба Зан-Модари тоҷик бе замина нест, зеро ӯст, ки бузургону нобиғагони зиёдро ба олам додааст, яъне саҳми бузурге дар тарбияту камолоти онҳо ва бад-ин васила дар маънавиёти башар гузоштааст. Меҳмонгул Гулмуродова яке аз занҳои поксиришт, поктинат ва соҳибэҳтиром дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Номбурда 10 феврали соли 1940 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1954 дар синни        14 - солагиаш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  меоянд. Бояд  гуфт,  ки  холаи  Меҳмонгул  8  фарзанд,      4 писар ва 4 духтарро ба дунё оварда, онҳоро бо меҳнати ҳалол, шабҳои бехобӣ ва дуову каломи нек ба камол расонидааст, ки имрӯзҳо фарзандонашон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд. Рӯзи 5 октябри соли равон муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат ва мудири шуъбаи маориф Ҳакимзода Хайрулло ба аёдати ин зани собиқадори меҳнат -холаи Меҳмонгул Гулмуродова рафта, бо ин зани соҳибдил ҳамсуҳбат шуданд. Холаи Меҳмонгул аз рӯзгори неки гузаштаи хеш қиссаҳои аҷиб нақл намуда, аз ҷумла барои эҳтироми зан-Модар чунин ибрози андеша намуд: «Модар бузургу муқаддас аст, дуои неки ӯ инсонро аз ҳамаи баду бало нигаҳбон мешавад, ба кас қувваю илҳом мебахшад ва ба сӯи корномаҳои бузург раҳнамун месозад. Ҳатто гармии офтоб ба ҳарорати сӯзони қалбу муҳаббати модар нисбат ба фарзанд баробар шуда наметавонад. Бино бар ин, ҳамеша ба модарони худ арҷ гузоред, эҳтироми онҳро ба ҷо оваред, то баъди сари онҳоро пушаймон нашавед».

 

 

 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031