Амалҳои ноҷавонмардона ва террористии низомиёни қирғизиро маҳкум менамоем!!!

   Гуфтан ҷоиз аст, ки таи чанд рӯз аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нооромӣ ҳукумфармо аст. Яъне низомиёни қирғизҳо ноҷавонмардона ба хоки Тоҷикистон ҳуҷум карданд ва талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Инчунин чанд хзонаҳои истиқоматии шаҳрвандон сухтаву валангор гашт. Байни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Қирғизистон аҳднома баста шуд, вале онҳо бори дигар ба хоки Тоҷикистон аҳдшиканона ҳуҷум карданд. Дар урфиат беҳуда нагуфтаан, ки “ Чоҳкан зери чоҳ аст” ва ҳамин тавр ҳам шуд. Мо мали ноҷавонмардонаи онҳоро ҳамчун гурӯҳи террористи меҳисобем, чунки онҳо мехоҳанд, ки бо роҳи зӯроварӣ ва дигар ва дигар амалҳои зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, маҳалгароиро ба роҳ монанд. Родмардон ва ҷавонони ҷасури Тоҷикистон ба ҳимояи Ватан ва асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, таъмини тамомияти арзӣ ва амнияти давлату миллат бархоста, дар муддати кӯтоҳ ба ин амали ноҷавонмардонаи низомиёни қирғиз нуқта гузошт.

 "Ба маълумоти мардуми Тоҷикистон ва махсусан, сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти  Ворух  мерасонам,  ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро  бо  ҷониби Қирғизистон оғоз  карда,  то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. 

МО ХУН МЕДИҲЕМУ ХОК НАМЕДИҲЕМ! Дӯстӣ миёни халқҳои минтақа танҳо саодату хушбахтӣ меорад, вале душманиву ҷанг бошад рӯзи сахту харобӣ. Бояд гуфт, ки гузаштагони тоҷикон аз ҷое наомадаву маҳз дар ҳамин сарзаминҳои бобоӣ ба олами ҳастӣ чашм кушода рушд намудаанд. 

МО ТАРАФДОРИ СУЛҲЕМ! Ҳеҷ гоҳ  набояд  фаромӯш созем,  ки  Ворух  як  порчаи  ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Боиси таассуф аст, ки бо ҷой доштани  нофаҳмии  солҳои пешин деҳоти дурдасти Тоҷикистон ба макони нофаҳмиву ҷидол ва бадбинӣ мубаддал  гардидааст. Акнун  бошандагони Ҷумҳурии  Қирғизистон  бар  сари  мардуми  осоиштаи  тоҷик зӯру  тавони худро нишон  додан мехоҳад. Шояд  онҳо  дарк  накардаанд, ки миллати тоҷик замини аҷдодии худро зери ҳимоя гирифтааст. Ин  ҳама нофаҳмиро бояд саривақт зери назорат гирифт, зеро сокинони осоишта ба хотири химояи марзу буми хеш захмдидаву  ҷароҳат  бардошта  истодаанд. 

   БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАН МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!  Тамоми халқиятҳои дунё барои ҳифзи хоки Ватан мубориза мебаранд ва миллати тоҷик низ барои ҳимояи  Ватани  хеш мубориза  бурда истодаст. Дар чунин  вазъияте, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дода истодааст, мо сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, чун дигар манотиқи кишвар дар якҷоя бошем. Мо бояд дастаҷамъона зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ устуворона қадам занем.

                       Ҳимояи ватан қарзи ҳар яки мост!

     Мафҳуми “Ватан” ва бузургдошти он дар таълиму тарбияи  ватанпарастии насли ҷавон  мавқеи муҳим дорад. Ин мафҳум  дар худ ҷойи таваллуду маҳалли зисти одамон, соҳиби манзилу макон, сарпаноҳ, оила ва фарзандон будан низ ба  тарзи хос мафҳуми “Ватан”-ро ифода  мекунад. Имрӯз  ба миён  омадани вазъи ноороми  муносибатҳои ду давлати  ҳамсоя,  ки  Тоҷикистоу  Кирғисистон  воқеан боиси ташвиш ва нигаронии  кулли  ҷавонон  ва  сокинони кишварамон гаштааст. Роҳбарияти сиёси ва  сокинони назди сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо собит сохтаанд, ки мо доимо ҷонибдори фикри хубу беҳтар намудани муносибатамон бо кишварҳои ҳамсоя мебошем .

    Мутаассифона, баъзе аз сокинони иғвогари кишвари ҳамсоя мехоҳанд фикри сокинони зудбоварро вайрон намуда, ба ҳадафи  шахсии худ, ки аз  манфиати  миллӣ  боло  гузошта мешавад, бирасад. Вале мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ин гуна  афрод  қадам ба  ватани поку  биҳишосои  мо  гузошта,  бо ҳисси  Ватанпарварони мо, ва мафкураи ҷавонони бонангу номуси ватанамон таъсири манфӣ расонад.

    Дар моддаи  43 - юми Конститутсия алоҳида таъкид шудааст, ки «ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст». Ҳар як сокини кишвари ҳамсоя  бояд  хуб  дарк  намоянд, ки  як  порчагии  Тоҷикистон  яке  аз манфиатҳои муҳими милливу давлати мост. Имрӯз мо омодаем, ки манфиатҳои милливу давлатиро дастаҷамъона ҳимоя намоем.   

   Атабаева  Зуҳро      

   БАРОИ ҲИМОЯИ ИН МАРЗУ БУМ ҲАМЕША ТАЙЁР ҲАСТЕМ! Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем! Имрӯз, ки ҳамсояи мо аҳдшиканона ба марзи Ватан ҳуҷум овардааст, бояд ҳар хурду бузург, пиру барно дар ҳимояи кишвар омода бошад. Мо, тоҷикон ҳамеша ҷонибдори сулҳем, вале дар сурати зарурат ҷони худро барои ҳимояи марзу буми хеш сипар хоҳем кард. Занони тоҷик дар диловарӣ аз мардон кам нестанд ва дар ҳимояи фарзандону шавҳарон ҳамеша тайёр ҳастанд. Устод Озар Салим хеле ба маврид гуфта: Монанди дирафш кист шайдои ватан?! Истода сари по ба тамошои ватан. Аз ғояти изтироби дил меларзад, Боде бивазад агар ба болои ватан. Мо ҳамеша барои ҳимояи Ватан тайёр ҳастем!!!

    Зебунисо Қосимова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

АМАЛҲОИ НОҶАВОНМАРДОНАИ МАРЗБОНОНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!    Аҳли соҳаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо таассуфи хеле зиёд аз марзбонони қисми сарҳадии вилояти Бодканти Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Зеро марзбонони қисми сарҳадӣ шартномаи тарафайн, ки соати 18,19-и рӯзи 15.06 оид ба оташбас байни сарҳадот аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии ҳарду ҷумҳурӣ шуда буд, вайрон карда соати 4:35 дақиқаи шаби 16.09. 2022 аҳдшиканона ба сӯи дидбонгоҳи сарҳадии марзи ҷумҳурии мо оташ кушода, ду марзбон ба ҳалокат ва зиёда аз 20 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд, ки айни замон дар беморхонаҳои шаҳри Исфараи вилояти Суғд бистарӣ гардида, зери назорати қатъии духтурон қарор доранд. Инчунин дар тамоми воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбати марзбонон ва мардуми бонангу номусу бофарҳанги мо туҳмату ҳангомаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида истодааст. Аз ин рӯ маорифчиёни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ин амалҳои ноҷавонмардонаи марзбонони қисми сарҳадӣ ва хабарҳои номатлуби кормандони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистонро қотеъоеа маҳкум менамоянд.

   Ҳакимзода Хайрулло, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

 

   БАҲРИ ҲИФЗИ МАРЗИ КИШВАР ОМОДАЕМ! Дар марҳилаи  ҷаҳонишавӣ  ва бархурди манфиатҳои миллию  сиёсии  абарқудратҳо сар задани муноқишаи навбатӣ дар марзи  кишвари  ҳамсоя  -  Қирғизистон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо гузашти солҳо тарафдори ҷанг набуд ва ягона роҳи ҳалли масоили гуногуни сиёсию иҷтимоиро бо дарназардошти мусолиҳаву ризоияти тарафайн ба роҳ мемонад. Дар ин раванд яке  аз иқдомҳои аввалине, ки  роҳбарияти  олии Ҳукумати кишвар аз рӯзи нахустини фаъолият амалӣ намуд, ин рӯй овардан ба "Сиёсати дарҳои боз" мебошад. 

 

 

 

   ВОРУХ ПОРАИ ТАНИ ҲАР ЯК ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИСТ! ВОКУНИШ. Ба  ҳолати   соати   10:00 -  и  16  сентябри  соли   2022   дар  тамоми  самтҳои  Сарҳади  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  Ҷумҳурии  Қирғизистон муноқишаҳои  мусаллаҳона  идома  дошта,  қувваҳои  низомии  кишвари  ҳамсоя  аз  тамоми  намуди  силоҳҳои  вазнину  оташфишони  дар ихтиёрашон  қарордошта  деҳаҳои   наздисарҳадии   Тоҷикистон,  иншооти  мулкӣ  ва  хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд.                                      

                                                                                                                                                  

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031