Ҳимояи ватан қарзи ҳар яки мост!
Мафҳуми “Ватан” ва бузургдошти он дар таълиму тарбияи ватанпарастии насли ҷавон мавқеи муҳим дорад. Ин мафҳум дар худ ҷойи таваллуду маҳалли зисти одамон, соҳиби манзилу макон, сарпаноҳ, оила ва фарзандон будан низ ба тарзи хос мафҳуми “Ватан”-ро ифода мекунад. Имрӯз ба миён омадани вазъи ноороми муносибатҳои ду давлати ҳамсоя, ки Тоҷикистоу Кирғисистон воқеан боиси ташвиш ва нигаронии кулли ҷавонон ва сокинони кишварамон гаштааст. Роҳбарияти сиёси ва сокинони назди сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо собит сохтаанд, ки мо доимо ҷонибдори фикри хубу беҳтар намудани муносибатамон бо кишварҳои ҳамсоя мебошем .
Мутаассифона, баъзе аз сокинони иғвогари кишвари ҳамсоя мехоҳанд фикри сокинони зудбоварро вайрон намуда, ба ҳадафи шахсии худ, ки аз манфиати миллӣ боло гузошта мешавад, бирасад. Вале мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ин гуна афрод қадам ба ватани поку биҳишосои мо гузошта, бо ҳисси Ватанпарварони мо, ва мафкураи ҷавонони бонангу номуси ватанамон таъсири манфӣ расонад.
Дар моддаи 43 - юми Конститутсия алоҳида таъкид шудааст, ки «ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст». Ҳар як сокини кишвари ҳамсоя бояд хуб дарк намоянд, ки як порчагии Тоҷикистон яке аз манфиатҳои муҳими милливу давлати мост. Имрӯз мо омодаем, ки манфиатҳои милливу давлатиро дастаҷамъона ҳимоя намоем.
Атабаева Зуҳро