Имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки занону модарон вобаста ба пойдории сулҳу осоиши Ватани азизамон, ҳимояи марзу буми кишвар ва тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарасӣ таҳти унвони "Модарон хостгори сулҳанд" ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиши мазкур занону модарон аз ҳодисаҳои марзии Қирғизистон изҳори нигаронӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳифзу ҳимояти хоки поки аҷдодӣ ва сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон бо қабули МУРОҶИАТНОМА иброз намуданд.

Рускый

