ВОРУХ ПОРАИ ТАНИ ҲАР ЯК ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИСТ! ВОКУНИШ. Ба ҳолати соати 10:00 - и 16 сентябри соли 2022 дар тамоми самтҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳона идома дошта, қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд.