-->
 

ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ ИҶЛОСИЯИ СЕНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

   Санаи 28 сентябри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Убайдуллои Файзулло баргузор гардид. Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Қодирзода Ҳабибулло иштирок ва суханронӣ намуд. Инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ иштирок намуданд.

 

 

ВАТАНРО АЗ НОХАЛАФОН МУҲОФИЗАТ МЕКУНЕМ!

    Ватан-Модар. Агар мо то сесолагӣ аз модар шир нӯшида баҳра бурда калон шавем, баъди он аз обух оку нони Ватан баҳра бурда, ҷавонмард мешавем. Бинобар ин онҳое, ки ба Ворух ба Ватан-Модари мо даст дароз мекунанд, ҷои нангу номус , дифоъ аз модар ва зану фарзанд аст. Модароне, ки чунин ҷавонмардонро тарбия кардаанд ва дар роҳи Ватан-Модар ҷони худро қурбон кардаанд, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем. Он ҷавонмардон барои осоиши мо ва барои Ватани зебои мо, ки дар як муддати кӯтоҳ ин қадар пешравиҳост ҷонбозиҳо карданд. Дар ашъори шоирон ҳикмати ҷолибе аст, ки хонандаро ба ватандорию ватандӯстӣ даъват мекунад: Ҳанузам зи хурдӣ ба хотир дораш, Ки дар лонаи мокиён бурда даст. Бо минқораш он сон ба сахтӣ газид, Ки ашкам чу хун аз раг он дам дамид. Падар ханда бар гиряам зад, ки хон, Ватандорӣ омӯз аз ин мокиён. Дастдарозӣ бар Ворух ин даст дарозӣ кардан бар модари мо ва бар лонаи мо мебошад. Барои ҳар яки мо фарзу қарз аст, ки Ватанро аз чунин нохалафон муҳофизат кунем! Маҳсуддин ҶОНАКОВ, имомхатиби масҷиди ҷомеъи Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

 

 

 

«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ».

   Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки ташкили муносибатҳо танҳо дар заминаи ҳуқуқӣ сабаби сулҳ, ваҳдат ва ҳамсоягии нек мегардад. ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар» Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 25 сентябр кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон Протокол оид ба хатми низои сарҳадиро ба имзо расониданд. Протоколи хатми низоъ дар марзи ду кишварро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев имзо карданд. 

   ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ Андеша:

 Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки дар ҳайёти ҳаррӯзаи мо ҳар як сонияю дақиқа ҳодисаву воқеаҳои нав рӯй дода аз мо талаб менамояд, ки ба кадом шароите, ки набошад омода бошем. Ин вақт аст ки ба мо довари менамояд, аммо мо онро ҳис намекунем, ки вақти мо ба мисли киштии дар об истода менамояду чун тир меравад. Яъне, муҳимтарин ва қиматтарин неъмати зиндагӣ барои инсон ин вақт аст ва онро бояд ба тавре гузаронид , ки дар оянда бо некӣ ёд шавӣ.

 

      КУМАКИ ЯКВАҚТАИНА БА АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ "ҲОМИЁНИ      ВАТАН"-И НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Санаи 24 сентябри соли 2022 аз тарафи ташкилоту муассиса, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба оилаҳои 25 нафар шаҳрвандоне, ки барои ба эътидол овардани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба таври ихтиёрӣ сафарбар гардиданд, кумаки яквақтаина расонида шуд. Ҷамоати шаҳраки Балх ба ташкилоту муассиса, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва шуъбаву бахшҳои мақомот барои расонидани кумак ва баланд бардоштани руҳияи шаҳрвандони ватандӯст миннатдории худро мерасонад. Ин иқдоми нек аз тарафи дигар ташкилоту шахсони саховатпеша идома дорад.  

 

   Суратгузориш аз рафти ташрифи меҳмонон аз Сафорати Ҷумҳурии Индонезия дар Қазоқистон,Ҷаноби Моҳаммад Фаҷроел Раҳман ба Хона-музейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 26.09.2022

   Мулоқоти навбатии роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон Дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизилбел"-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Мулоқот зери роҳбарии Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев ҷараён гирифта, дар он ҷонибҳо барои идомаи гуфтушунидҳо ва ҳали масъалаҳои мавҷуда бо роҳи дипломатӣ бори дигар таъкид карданд. Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев вобаста ба иҷрои нишондодҳои протоколи имзошуда ва таҳкими сулҳу субот дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи афкор намуданд. Таъкид карда шуд, ки бояд тамоми техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, ҷонибҳо бо ҳусни тафоҳум мушкилоти пешояндаро ҳал созанд. Ҳамчунин зарур шуморида шуд, ки мардуми наздисарҳадӣ бояд равуо дошта бошанд ва муносибатҳои дӯстона миёни ду халқ чун пештара ба роҳ монда шавад. Зеро тоҷикону қирғизҳо асрҳост, ки дар канори ҳам зиндагӣ доранд.

 

 

 

         БУНГОҲИ САЛОМАТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

   Дар рӯзи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Раёсати Бонки давлатии  амонатгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло дар деҳаи Бӯстони Ҷамоати шаҳркаи Гулистон ба муносибати  31-умин  солгарди  Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бунгоҳи  саломатӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

                     “ОЛАМТОБ РӮИ ЧОП ОМАД

    Дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби чоруми яке аз шоирони хушзавқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймони Ҷамили Мушкин бо унвони "Оламтоб" дар Матбааи ҶДММ «Ношир-С»-и шаҳри Бохтар баҳри дӯстдорони каломи бадеъ интишор гардид. Сулаймони Ҷамили Мушкин, дар деҳаи Оламтоб (собиқ Олимтой)-и хоҷагии ба номи Юсуф Давлатови ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз овони ҷавониаш ба роҳи дунёи назм устуворона қадам гузошта, ҳамчун як эҷодкори асил дар риштаи назм мавқеи хосеро ишғол намудааст. Дар пешгуфтори китоб чунин қайд гардидааст: «Бояд иброз намуд, ки Мушкин покизагуфтор аст. Ин покизагуфторӣ ӯро аллакай ҳамчун шоири хушсалиқаву умедбахш ба хонандагони назмдӯст хуб ошно кардааст…». Намунае аз маҷмӯаи шеърҳои Мушкинро бо номи «Ватан» пешкаши хонандагон мегардонем: Бахти бедорам ту ҳастӣ, эй Ватан, Ифтихорам аз ту хезад дар сухан. Дар раҳат ҷонро бибозам бедареғ, Эй Ватан, умри ману армони ман. Эй бақои хонаи ободи ман, Сурати дунёи ман, аҷдоди ман. Бе ту ман ҳеҷам, ба номат зиндаам, Эй Ватан, ҳастии ман, бунёди ман. Бо ту бахтам дар амон бошад мудом, Бо ту илҳомам равон бошад мудом. Бо ту паймоям раҳи ояндаам, Бо ту даврам бехазон бошад мудом. Бояд тазаккур дод, ки "Оламтоб" маҷмӯаи чоруми муаллиф аст, ки бо як муҳаббати хос ва самимӣ рӯйи кор омадааст. Китоби "Оламтоб"-ро авваллан ба муаллиф ва баъдан барои кулли дӯстдорони шеър муборакбод мегўем!

Навиди Балх

23 сентября, 9:42

 

 

 

 

 

     ДАР АТРОФИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУТТАҲИД БОШЕМ!

    Кормандони  Ҷамоати  шаҳраки  Балх  ҳамарӯза  баҳри тинҷиву осоиштагӣ ва ободии Ватани азизмаон сидқан хизмат менамоянд. Имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти мамлакат баҳри  фароҳам  овардани  шароити мусоиди корӣ тамоми кормандони соҳаи  иҷтимоӣ ва  баланд  бардоштани имкониятҳои  иҷтимоии  онҳо  чораҳои зарурӣ  андешида  мешаванд.  Агар  саломативу  тандурустӣ  барои инсон дар ҷойи якум бошад, бешубҳа, сулҳу амният мақоми дуюмдараҷа дорад.                                                                                  

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031