-->
 

   Санаи 16 августи соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндагони вилояти Хатлон Баҳриддин Ҳалимов  ва  Ҷамшед  Юсупов,  доираи  васеи роҳбарони  муассисаҳои  таълимӣ  ва  омӯзгорон  машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид 

    Ҳамватанони азиз!

   Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз омадааст, кулли мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро ба ифтихори ин ойини бостонӣ самимона табрик мегӯям.

    21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

    21 март дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

   Майдони маҷмуаи варзишӣ 6 гектар, ҷойҳои нишаст дар варзишгоҳ 15 000 адад ва маблағи сохтмон 36 миллион сомониро ташкил медиҳад.

    21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи бошукӯҳи Наврӯзи Хатлон, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташкил ва баргузор шуд, дидан намуданд.

    21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони Президентиро ифтитоҳ карданд.

    21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии ҳамаҷониба бо имконот ва шароити таълиму тарбияи насли наврас дар бинои муосири Мактаби байналмилалии Президентӣ, ду бинои хобгоҳ - писарона ва духтаронаро барои хонандагони ин муассисаи таълимии навтаъсис мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

    21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Маҷмааи навбунёди фарҳангӣ, варзишӣ ва таълимии шаҳраки Балх бинои хуштарҳу муосири Мактаби байналмилалии Президентиро ба истифода дода, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

    21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи "Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ", "Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ"-ро мавриди истифода қарор доданд.

    21 март пас аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, онро зиёрат карданд.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031