НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за 15.05.2024

           МАҲСУЛИ ДАСТИ ДЕҲҚОН - ОРОДИҲАНДАИ ДАСТАРХОН   

     Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад. Умаралӣ Абиров аз зумраи деҳқонони ҷавони меҳнатдӯсти деҳаи Зарзамини Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Номбурда дар замини наздиҳавлигияш, ки 30 сотихро ташкил менамояд, як гармхонаи дарозиаш 40 ва паҳнояш 7 метрро ташкил намуда, дар он парвариши дарахти лимӯ, помидор, бодиринг, лубиё, занҷабил, қаланфури булғорӣ ва кабудиҳоро ба роҳ мондааст. Ин деҳқони ҷавон инчунин дар заминҳои боқимондаи наздиҳавлигӣ маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла тарбуз ва харбуза низ шинонидааст, ки аз хисоби ҳосили ба даст овардаи хеш зиндагиашро таъмин менамояд. 

       БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД

     Санаи 14 майи соли 2024 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Беморхонаи марказӣ, ҲХДТ дар ноҳия ва дигар ташкилоту идораҳо ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид, ки дар он 80 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд. Дар чорабинии зикргардида ба 15 нафар шаҳрвандони бекор ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия тавсиянома дода шуд, ки аз ин микдор 14 нафарашон ба ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

  

                                                              СУРАТГУЗОРИШ

   Санаи 14 май соли 2024 дар толори меҳмонхонаи Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи оила аз тарафи фонди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарони ташкилоти ҷамъияти бонувони ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Ҷайҳун ва Қубодиён барои иштироки фаъолона дар лоиҳаи ''Посухдиҳӣ ба хушунати гендерӣ, тавассути вусъатдиҳии иштироки иқтисодӣ ва шаҳрвандии занон'', саҳми арзанда дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар шароити хона Сертификат тақдим карда шуд.

 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031