НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за 28.12.2023

ИТТИЛОИЯ Санаи 26 декабри соли 2023  дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум баргузор гардид.

     Иҷлосия аз рӯйи масалаҳои зерин: -Ҳисоботи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар соли 2023; -Дар бораи иҷрои буҷети ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар соли 2022 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2024; -Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои соли 2024 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуд.

           ИДОМАИ КОРҲОИ ЧАРОҒОНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

    Дар доираи татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушду тараққӣ додани шаҳру ноҳияҳои кишвар, бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Имрӯз, 25 декабр корҳои чароғонкунӣ дар роҳрави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и деҳаи Ленингради Ҷамоати деҳоти Ҳалевард роҳандозӣ карда шуд. Абдулҳаким Мирзонаимов - раиси маҳаллаи деҳаи мазкур ба мо иттилоъ дод, ки бо ибтикори 200 нафар хоҷагии ҳамин деҳа барои рӯшноӣ намудани маҳалла ҳудуди 400 метр роҳи маҳалла чароғонкунӣ оғоз гардида, бо маром ҷараён дорад. «Дар масофаи муайянгардида 6 адад пояҳои оҳанини зебову босифат насб гардида, чароғҳои баландсифати муосир васлу насб карда мешавад. Сокинон ва фаъолони деҳаи Ленинград корҳои созандагиро вусъати тоза бахшида, идома дода истодаанд», - иброз дошт Абдулҳаким Мирзонаимов. Анҷоми чунин кори неку хайрхоҳона аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ дар рафтуомади шабонаи сокинон имконият фароҳам овард.

                                              ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

   Санаи 23 декабр дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар шаҳру навоҳии вилоят аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шанбегӣ эълон карда шуд. Дар ин рӯз кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳалла, маориф, соҳаи тандурустӣ ва хонандагону омӯзгорон мунтазам ба шанбегӣ ва корҳои ободонӣ машғул гардиданд. Кормандони соҳаҳои зикршуда ба тозаву озода намудани саҳни биноҳо, гулгашту хиёбонҳо ва сарзабзу хуррам намудани он баромаданд. Дар ин рӯз аз ҷониби онҳо гирду атрофи дарахтон аз ҳар гуна алафҳои бегона тоза ва нарм карда шуда, ҳамзамон гулҳои зебои гуногуни мавсимӣ дар саҳни корхона ва роҳравҳо шинонида шуд. Албатта, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва назди муассисаву ташкилоту хонаи истиқоматӣ аз маданияти баланди кормандону истиқоматкунандагонаш шаҳодат медиҳад.

  

ҲУНАРОМӮЗӢ - ГАРАВИ КОМЁБИҲО

        Ҳунар гиреҳкушои тамоми мушкилоти инсон ба ҳисоб меравад. Бузургони мо ҳамеша ситоиши ҳунар мекарданд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд. Ин аст, ки дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои омӯхтани ҳунари пазандагию дӯзандагӣ барои хонандагон шароитҳои муфид муҳайё карда шудааст. Инчунин хонандагон бо маҳсулотҳои пухтупазкардаи худ, аз ҷумла навъҳои гуногуни қаннодӣ ва ҳунарҳои куртадӯзӣ, тоқидӯзӣ ва гулдӯзӣ дар маҳфилҳо ва озмунҳо ширкат меварзанд. Тибқи иттиллои роҳбари маҳфил Наргис Шарипова дар ин маҳфил 12 нафар духтарон ба дӯзандагӣ ва 14 нафар духтарон ба пухтупаз машғул мебошанд. «Мувофиқи талабот ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зиндагӣ интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим аст. Алалхусус, бо соҳиб шудани касб шахс дар оянда соҳиби ҷойи кор ва музди меҳнати хуб шуда, худ ва азизонашро бо ризқу рӯзии дарёфткарда таъмин менамояд. Интихоби касби мувофиқ имконият медиҳад, ки ҳар яки мо соҳиби ҷойи кор гардида, аз ӯҳдаи бобарори иҷроиши вазифаи ба зиммадошта баромада ба пешравиҳо ноил гардем», -қайд намуд Наргис Шарипова. Ҳадафи муассисаи таълимии мазкур аз он иборат аст, ки ҷалби духтарон ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла дар доираи ҳунарҳои волои мардумӣ, рушди қобилияту истеъдоди хонандагон баланд бардошта мешавад ва барои таъмини минбаъдаи зиндагии хеш як заминаи боэътимод мегардад. Яъне, ҳунаромӯзӣ - гарави комёбиҳои ҳаёт хоҳад гашт. 

 

 

 

 

СОЛИ НАВРО БИДУНИ СӮХТОР ИСТИҚБОЛ НАМОЕМ

    Хамасола, вақте ки Соли нави мелодӣ фаро мерасад, бо наздик шудани ин санаи муборак мардумро бештару пештар эҳсоси шодиву нишот фаро мегирад. Онҳо кӯшиш менамоянд, то гирди арчаи солинавӣ, ки рамзи ҳамин ҷашнвора аст, ба ҳам омада, рақсанду шӯхиву бозӣ кунанд, яъне ҳамдигарро бо фаро расидани боз як соли дигар табрику таҳният гуфта, беҳтарин орзуҳои хешро таманно намоянд. Дар ин замина, бо мақсади андешидани чораҳои амалӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, пурзӯр намудани амнияти шаҳрвандон дар давраи таҷлили чорабиниҳои солинавӣ ҳафтаи сипаригардида кормандони Қисми 28-уми Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба иҷрои фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 224 б/3 аз 16.04.2015 чорабиниҳои профилактикию оташнишонӣ аз рӯйи номгӯи рамзи «Арча» дар ташкилоту муассисаҳои таълимию табобатӣ, мактаб-интернат, хонаҳои маъюбон, пиронсолон, тандурустӣ, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, боғу майдонҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ташкил ва гузарониданд. Қайд гардид, ки дар баробари шодиву нишот баъзан ҳодисаҳои нохуше рух медиҳанд, ки боиси мушкилоту сарсонии шаҳрвандон мегардад. Чунин ҳодисаҳои нохуши сӯхтор бештар аз риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ва муносибати нодуруст бо воситаҳои барқӣ, инчунин таҷҳизотҳои дигар рух медиҳанд. 

ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ.

     Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, нақш ва ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки ҳамчун ифодакунандаи сиёсати мантиқии давлату ҳукумат ба таҳкими ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, солимии миллат, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва тарғиби идеяи миллати солим мавқеи баландро соҳиб гардидааст. Вобаста ба гуфтаҳои боло дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имрӯзҳо 20 нафар мураббӣ кор ва фаъолият менамоянд. Ин мактаби варзишӣ аз рӯйи 7 намуди варзиш волейбол, футбол, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи ҷудо, варзиши сабук, шашка шоҳмот фаъолият намуда, дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он иштирок мекунанд. Аз рӯйи таҳлил маълум гардид, ки варзишгарони муассисаи мазкур дар 28 мусобиқаи сатҳи вилоятӣ иштирок намуда, аз он 113 адад медал ба даст овардаанд, ки аз ин 51 медали тилло, 40 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ мебошанд. Дар 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бошад, иштироки худро таъмин намуда, сазовори 65 адад медал гардидаанд, ки ин миқдор 23-то тилло, 20-то нуқра ва 22 - тои он медали биринҷӣ аст. Инчунин варзишгарони ноҳия дар 9 мусобиқаи Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзида 20-медал: 4-то тилло, 7-то нуқра, 9-то биринҷӣ ба даст овардаанд, ки нисбат ба 11 моҳи соли 2022, 7-медал зиёд мебошад. Дар ин замина, Пирхуҷаи Ҷурабек дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гӯштингирӣ» ҷойи якум, Асоев Абӯалӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ҷойи дуюм ва Қадамов Асҳобиддин дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар гӯштини миллӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. 

 

ЛИМӮПАРВАРӢ - СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК

     Лимӯпарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва сердаромади кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ нақши муҳим дорад. Доир ба ин соҳа дар Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳқонон ва соҳибкорон бо нақшаи умум дар масоҳати 4 гектар лимӯ парвариш намуда, ҳамасола аз он ҳосили хуб ба даст меоранд. Масалан, дар деҳаи Ӯзбекобод хоҷагии деҳқонии фермерии ба номи «Ятимов», ки роҳбарияшро Муродбек Ятимов ба уҳда дорад ва ҳамчунин дар деҳаи Максим Горкий хоҷагии деҳқонии фермерии «Бобои-Тура» роҳбараш Хайрулло Наимов ин навъи мева таҳти нигоҳубини хуб қарор дорад. Онҳо ҳар сол аз парвариши лимӯ даромади хуб ба даст оварда, аз ин ҳисоб дар таъмини зиндагии худ ва аҳли ноҳия саҳми муносиб мегузоранд. -Барои ҳосили дилхоҳ гирифтан бояд қоидаҳои парвариши ниҳолони лимӯро риоя намоем. Ниҳоли лимӯ асосан баъди сесолагӣ ҳосили хуб медиҳад. Дар фасли баҳор дар айни гул кардан доруи «мочевина» дода, пас аз он об мемонем. Ҳамчунин, поруи чорворо бо даст ҷабида шарбаташро бо об омехта карда, дар бехи дарахтони лимӯ мепошем, ки ин усул барои серҳосилӣ ва калон шудани лимӯ кумак мекунад, - мегӯяд лимӯпарвари асил Муродбек Ятимов. Хайрулло Назаров - роҳбари хоҷагии деҳқонии фермерии «Бобои-Тура», ки худ деҳқони таҷрибадор аст, чунин қайд намуд: «Албатта, ҳар як кор нозукиҳои худро дорад.

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Декабрь 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Серхонанда