НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ҶАМЪОМАДИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲОИ НАВБАТӢ БАРОИ СОЛИ 2025
январь 17 2025

ҶАМЪОМАДИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲОИ НАВБАТӢ БАРОИ СОЛИ 2025

Рўзи 11 январи соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъомади ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2025 таҳти раёсати раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризвонзода Фирдавс Зикр, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холов Гулмаҳмад, муовинони соҳавии раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шӯъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ аз рӯи масъала оид ба  натиҷаҳои рушди соҳаи андоз, молия, нафақа, кишоварзӣ, заминсозӣ, мелиоратсия, ҳифзи муҳити зист, таъминоти озуқаворӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, иҷтимоиёту маънавиёт баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки меҳнаткашони ноҳия сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намуда, баҳри иҷрои амру фармон, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бобати беҳбудии зисту зиндагонии сокинони ноҳия дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ диловарона меҳнат менамоянд.

Гуфташуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия рӯзи 8 ноябри соли 2024 баён намудаанд, нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, бобати иҷрои нуктаҳои он пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Қурбонзода Қурбоналӣ қайд намуд, ки кормандони соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, обтаъминкунӣ, канализатсия ва алоқа бобати ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар ин давра, корҳои муайян ва мақсаднокро ба анҷом расонидаанд.

Аз ҷумла, бобати амалӣ намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025-ум корҳои муайян ва мақсаднок ба сомон расонида шудаанд.

Қайдг ардид, ки манбаъҳои маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ 78 млн 118 ҳазор сомонӣ ё ин ки 14,18 фоиз, аз ҳисоби бахши хусусӣ272 млн 771 ҳазор сомонӣ ё ин ки 49,5 фоиз ва аз ҳисоби шарикони рушд 200 млн 125 ҳазор сомонӣ ё ин ки 36,3 фоиз пешбинӣ шудааст.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2024 дар доираи Барномаи мазкур 82 лоиҳа ба маблағи умумии 429 млн 265 ҳазору 400 сомонӣ иҷро гардидааст.

Иҷрои Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои пулии дар лоиҳаҳои иҷрошуда сарф гардида, 77,9 фоиз таъмин карда шудааст.

Сипас раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пурсиш ба амал оварда, супоришҳо барои моҳҳои ояндаи соли 2025 пешниҳод намуд.  

Дар фарҷом муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризвонзода Фирдавс Зикр суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зикршуда, сохтмони бинову иншоотҳои ҷашнӣ, солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва иноватсия, рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар масъалаҳо таъкид намуд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
22 апрель 2024
Асосӣ / Маориф
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2024 Имрӯз, 19 апрел дар

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Январь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031