НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ДАР АТРОФИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУТТАҲИД БОШЕМ!
сентябрь 26 2022

ДАР АТРОФИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУТТАҲИД БОШЕМ!

         

                    ДАР АТРОФИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУТТАҲИД БОШЕМ!

    Кормандони  Ҷамоати  шаҳраки  Балх  ҳамарӯза  баҳри тинҷиву осоиштагӣ ва ободии Ватани азизмаон сидқан  хизмат  менамоянд.  Имрӯз  аз  ҷониби  Роҳбарияти  мамлакат  баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди  корӣ тамоми  кормандони  соҳаи  иҷтимоӣ  ва  баланд бардоштани имкониятҳои иҷтимоии онҳо чораҳои зарурӣ  андешида  мешаванд. Агар  саломативу  тандурустӣ  барои  инсон дар ҷойи якум бошад, бешубҳа,  сулҳу  амният  мақоми  дуюмдараҷа  дорад.  Хушбахтона, имрӯз дар Ватани мо сулҳу амонӣ ва амният пойдор буда, мардум дар фазои тинҷу осоишта кору зиндагӣ менамоянд. Вақте ки сухан дар бораи ваҳдату  ҳамдилии  миллати  тоҷик  ва пешрафту тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, пеш аз ҳама симои   фарзанди  ҷонфидои  миллат - Эмомалӣ  Раҳмон  пеши   назар  меояд. Зеро,  маҳз  бо  талошу ҷоннисориҳо  ва  хизматҳои  бузурги  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ватани мо тинҷиву амонӣ пойдор аст. Агар ба корномаи ин шахсияти бузурги таърихӣ назар афканем, мебинем, ки муҳимтарин хизмате, ки  Эмомалӣ Раҳмон  ба  миллати  худ  кардааст,  ин  аз  парокандагӣ  наҷот  бахшидани  миллати  тоҷик  ва барқарор намудани  сулҳу  амният дар  кишвар  мебошад. Раҳо  намудани  кишвар  аз  бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини  истиқлолияти  энергетикии  кишвар  аз  дигар  хизматҳои  бузурги  Пешвои  муаззами  миллат мебошанд. Имрӯз  бо  шарофати  сиёсати  сулҳҷӯёнаи  Роҳбарияти Олии кишвар Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мешиносанд ва ташаббусҳои давлати мо  аз  ҷониби  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  дастгирӣ  меёбанд,  ки  ин  барои  ҳар  яки  мо ифтихори бузург аст. Мо, кормандони  Ҷамоати  шаҳраки  Балх  дастуру  супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ -Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро сармашқи кори ҳуррӯзаи  худ қарор  дода,  барои  ободони  Ватани  азизамон  ва  барои  пешвозгирии  ҷашни  35 - солагии  Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷиктсон  саҳми  худро мегузорем. Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар ояндаи  наздик Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи ин абармарди замон-Эмомалӣ Раҳмон боз  ҳам  рушд ёфта, ба дастовардҳои бузург ноил мегардад. Барои ин ҳар як узви ҷомеа бояд дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошад.

Ҷамшед ҶУМАЕВ, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Балх-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

                                                                                                                                                                     

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 26 сентябрь 2022 07:21
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 910
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
16 сентябрь 2022
Асосӣ / Маориф
ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ

ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ КӮЧА ОДОБ МЕОМӮЗАНД Сараввал қайд бояд кард, ки идомабахши кори оила ва падару модар

Маълумоти бештар
16 сентябрь 2022
Асосӣ
ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ

ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ АҲЛИ ОСОИШТАИ БАҲСИ САРҲАДИСТ! Чӣ тавре, ки АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, “14 сентябри соли

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Иштирок дар тантанаҳои

21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои

Маълумоти бештар
22 сентябрь 2022
Асосӣ
Амалҳои ноҷавонмардона

Амал ҳои ноҷавонмардона ва террористии низомиёни қирғизиро маҳкум менамоем!!! Гуфтан ҷоиз аст, ки таи чанд рӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30