НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » МУАРРИФИИ БАРНОМАИ "АНДОЗИ МАН" ДАР МУЛОҚОТИ МАҚОМОТИ АНДОЗ
апрель 22 2025

МУАРРИФИИ БАРНОМАИ "АНДОЗИ МАН" ДАР МУЛОҚОТИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

          МУАРРИФИИ БАРНОМАИ "АНДОЗИ МАН" ДАР МУЛОҚОТИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

   Санаи  15 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муҳим бо андозсупорандагони маҳаллӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинии сатҳи баланди корӣ сардори Раёсати хизматрасонии Кумитаи андоз Нурзода Ҷумахон, сардори шуъбаи хизматрасонии Раёсат дар вилояти Хатлон Солеҳзода Абураззоқ, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва сардори нозироти андози ноҳия Раҳмонализода Салим иштирок ва суханронӣ намуданд. Вохӯрӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва саводнокии андозии соҳибкорону кишоварзон баргузор шуда, дар он масъалаҳои марбут ба татбиқи қонунгузории андоз, тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ, бақайдгирии фаъолият, истифодаи технологияҳои муосир ва соддасозии низоми хизматрасонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар доираи ин чорабинӣ мутахассиси соҳаи андоз бо истифода аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, аз ҷумла намоиши слайдҳо ва наворҳои фаҳмондадиҳӣ, тарзи истифода ва бартариҳои замимаи нави мобилии "Андози ман"-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Ин барнома бо мақсади осонсозии ҳамкорӣ миёни андозсупоранда ва мақомоти андоз таҳия шуда, имконият медиҳад, ки шаҳрвандон аз ҳисобу китоб ва пардохти андозҳо ба таври онлайн ва шаффоф истифода баранд. Сардори Раёсати хизматрасонии Кумита Нурзода Ҷумахон зимни суханронӣ иброз дошт, ки мақсад аз роҳандозии чунин ташаббусҳо - афзоиши сатҳи эътимоди мардум ба мақомоти андоз ва фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, дар охири чорабинӣ миёни иштирокчиён ва масъулони мақомоти андоз баҳси озоди саволу ҷавоб сурат гирифт. Андозсупорандагон доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи худ, аз ҷумла сабти ном, имтиёзҳо, тафтиши андоз ва низоми патент, саволҳои мушаххас пешниҳод намуда, посухҳои муфассал ва равшан дарёфт карданд. Чунин вохӯриҳои мустақим бо соҳибкорон ва аҳли заҳмати соҳаи кишоварзӣ ҳамчун иқдоми муҳим ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ ва фаҳмиши дуҷониба арзёбӣ гардида, дар оянда низ бо фарогирии васеи гурӯҳҳои иҷтимоӣ идома хоҳанд ёфт.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 22 апрель 2025 12:37
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 11
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930