НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ОҒОЗИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН"
май 12 2025

ОҒОЗИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН"

        ОҒОЗИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН"

      Дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо рӯҳияи баланд ва фазои тантанавӣ, чорабинии муҳим ва пурмазмун - қабули сарбозони шуҷои Ватан баргузор гардид. Ин чорабинӣ оғози расмии моҳвораи ҷумҳуриявии ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки соли ҷорӣ таҳти унвони «Ҷавонон бо Пешвои миллат - ба сӯи фардои дурахшон» доир мегардад.

 Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонони фаъол, волидайни сарбозон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Чорабинӣ бо суханони ифтитоҳии мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ифтитоҳ гардид. Дар суханрониҳо таъкид шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби мардонагӣ, садоқат ва ватандӯстӣ барои ҳар ҷавонмарди кишвар ба ҳисоб меравад.

 Ҳамзамон зикр гардид, ки ҷавонон имрӯз дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи муҳимро ишғол мекунанд ва кафили суботи ояндаи давлату миллат мебошанд. Қабули сарбозон бо анвои рамзии миллӣ, бардоштани парчам ва нидоҳои шукргузорӣ аз сулҳу амният сурат гирифт.

 Сарбозон дар назди ҷамъомадагон савганд ёд карданд, ки содиқона ба халқу Ватан хизмат менамоянд ва барои ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ ва осоиши ҷомеа неруи ҷавонии худро равона месозанд. Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии хотирмон, ки аз сурудҳои ватандӯстона ва шеъру таронаҳои пурмазмун иборат буд, манзури иштирокчиён гардонида шуд.

 Дар ин рӯз аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ба сарбозон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Моҳвораи ҷавонон, ки ҳамасола дар доираи нақшаҳои Вазорати фарҳанги кишвар ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, имконият фароҳам меорад, то нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа боз ҳам бештар намоён гардад ва онҳо бо рӯҳияи баланди миллӣ, зиракии сиёсӣ ва нигоҳи созанда барои рушди давлат саҳмгузор бошанд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 12 май 2025 09:12
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 6
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Май 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031