НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » РӮЗИ ОИЛА: ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВИИ ТОҶИКОН
май 26 2025

РӮЗИ ОИЛА: ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВИИ ТОҶИКОН

                                 РӮЗИ ОИЛА: ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВИИ ТОҶИКОН

   Рӯзи 14 майи соли 2025 дар толори зебои Чойхонаи «Шамсулло»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш, ки муовинони раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва Шукурзода Шаҳло, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғафурзода Рухсора, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Раҳимзода Бунафша, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонзода Лола, фаъолони ноҳия ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло, зимни суханронии худ, оиларо ҳамчун пояи устувори ҷомеа ва нахустин мактаби ахлоқ, фарҳанг ва маънавиёт арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки рушди ҷомеа, ташаккули шахсият ва таъмини ҳамдигарфаҳмии иҷтимоӣ бе оилаи солим номумкин аст.

Ӯ зикр кард, ки маҳз дар муҳити оилавӣ арзишҳои муҳими инсонӣ чун муҳаббат, вафодорӣ, сабр, таҳаммул ва эҳтироми тарафайн ташаккул меёбанд. Ғафурзода Рухсора, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, зимни баромади худ бо иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, изҳор дошт: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунанд».

Ин суханон бори дигар нишон медиҳанд, ки роҳбарияти олии кишвар оиларо ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти иҷтимоӣ ва пешрафти давлат мешиносад ва пайваста дар самти таҳкими он тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор оилаҳои намунавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки дар тарбияи фарзандони солеҳ, саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва намунаи муносибатҳои солими оилавӣ буданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия низ дар ин рӯз саҳми худро гузошта, ба чаҳор кӯдаки навзод шаҳодатномаҳои таваллуд ва ба панҷ ҷуфти навхонадорон шаҳодатномаҳои ақди никоҳро ройгон тақдим кард.

 Ин иқдом, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар амалӣ мегардад, як навъ дастгирии оилаҳои ҷавон ва ташвиқи арзишҳои ҳуқуқии оиладорӣ ба шумор меравад. Дар фарҷоми чорабинӣ, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо иҷрои барномаи рангини консертӣ - таронаҳо дар васфи оила, муҳаббат ва ваҳдати хонаводагӣ рӯҳи иштирокдоронро болида намуда, фазои идонаро зеботар сохтанд. Таҷлили Рӯзи оила дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ на танҳо як чорабинии рамзӣ, балки як иқдоми муҳими маърифатию иҷтимоӣ мебошад, ки ба таҳкими оила, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ, тарбиявии ҷомеа ва муаррифии оила ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудааст.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 26 май 2025 09:40
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 17
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30