НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ТАҶДИДИ МАКТАБ ВА БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
июнь 25 2025

ТАҶДИДИ МАКТАБ ВА БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

        ТАҶДИДИ МАКТАБ ВА БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

         13-уми июн дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни сохтмон ва ободонии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд. Дар ҷараёни боздид роҳбари вилоят масъулинро муваззаф намуд, ки дар баробари анҷоми корҳои сохтмонӣ ба зебогардонии муҳити атроф, чароғонкунӣ, гулкорӣ ва дарахтшинонӣ аҳаммияти махсус диҳанд.

Яке аз чунин иншооти муҳим бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар деҳаи Чорсӯ мебошад, ки барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино аз як ошёна иборат буда, айни ҳол корҳои ороишиву рангубори он идома доранд.

Ин таълимгоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми аҳолӣ бо маблағи 1,4 миллион сомонӣ бунёд гардида истодааст. Раиси вилоят зимни боздид аз мактаб ба масъулин дастур дод, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омодасозии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо, таъмини китобхонаҳои электронӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ҷалби мактаббачагон ба китобхонӣ ҷоннок намоянд.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои нави мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон, воқеъ дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ, дидан намуд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 5,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бунёд мегардад. Тибқи нақша, сохтмони иншоот дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлол ба анҷом расонида мешавад.

Айни ҳол таҳкурсии бино пурра рехта шуда, 20 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Сафари кории раиси вилоят бозгӯи таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти вилоят ба рушди соҳаҳои маориф, варзиш, кишоварзӣ ва ободонии муҳити зист мебошад. Таъмини шароити беҳтари таҳсил, дастрасии варзиш барои кӯдакон ва наврасон ва ҳамзамон бехатарии зиндагии аҳолӣ аз ҳадафҳои асосии ин ташаббусҳо маҳсуб меёбанд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 25 июнь 2025 06:50
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 16
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
29 март 2023
Маориф
САФАРИ КОРИИ РАИСИ

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Дар арафаи ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30