НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ТАЪКИДИ ОМОДАГИИ ҶИДДӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ
июль 17 2025

ТАЪКИДИ ОМОДАГИИ ҶИДДӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

                                         ТАЪКИДИ ОМОДАГИИ ҶИДДӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

      Рӯзи 7-уми июли соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зимни ҷаласаи назоратии раиси ноҳия Ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор гардид.

Ин ҷаласа таҳти раёсати раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло доир шуда, дар он раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, масъулони комиссариати ҳарбии ноҳия ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд. Раиси ноҳия дар ҷараёни ҷаласа таъкид кард, ки даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо як кори маъмурӣ, балки як иқдоми муҳимми сиёсиву тарбиявӣ ба шумор меравад. Ӯ қайд намуд, ки барои ба таври саривақт ва пурра иҷро кардани нақшаи даъват, ҷалби фаъоли ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ташкили корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ ва тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ миёни ҷавонон, масъулин бояд бо ҷиддият ва масъулияти баланд кор баранд. Ҳамзамон, раиси ноҳия ба муҳим будани иҷрои бетаъхири қарорҳои марбут ба даъвати тирамоҳӣ, ки аз ҷониби раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Давлаталӣ Саид ба тасвиб расидаанд, ишора кард.

Холиқзода Рустам Ҳикматулло таъкид намуд, ки бояд масъулин тамоми имкониятҳо ва захираҳои мавҷударо ба кор баранд, то ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ бо масъулияти баланд ва дар муҳлати муқарраргардида иҷро гардад.

Дар анҷоми ҷаласа аз номи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ ба раиси ноҳия барои иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи даъвати баҳории соли ҷорӣ Сипоснома тақдим карда шуд, ки ин қадрдонӣ нишони эътирофи заҳматҳои мақомоти ноҳия дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мебошад.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 17 июль 2025 13:21
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 13
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031