НАТИҶАҲО ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2025 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
Таърихи 15 июли соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи муҳим оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа намояндаи роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Зиёев Салоҳиддин Азизбекович, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Гулҷаҳон Юсупова, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки ҷамъбасти шашмоҳаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва натиҷагирӣ аз татбиқи нақшаҳои рушди соҳаҳои мухталиф ҳадафи асосии ҷамъомад мебошад. Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ дар ҳисоботи худ қайд кард, ки дар натиҷаи амалӣ шудани сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ беҳбуд ёфтаанд.
Ҳамзамон бо истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо таъмин гардида, сатҳи таъминоти буҷети маҳаллӣ боло рафтааст. Гуфта шуд, ки ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ яке аз ноҳияҳои кишоварзӣ ба шумор рафта, аксарияти аҳолии қобили меҳнат дар ҳамин соҳа фаъолият доранд.
Аз ин ҷост, ки қисми зиёди даромади буҷет аз ҳисоби рушди кишоварзӣ таъмин мегардад. Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шашмоҳаи соли 2025 ба 946,9 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127,6 миллион сомонӣ афзудааст.
Сатҳи афзоиш 106,7 фоизро ташкил медиҳад. Кишти зироатҳо дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 23 475 гектар анҷом ёфтааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 163 гектар зиёд аст. Миқдори заминҳои кишти ғалладона ва лӯбиёгиҳои баҳорӣ 5213 гектарро дар бар гирифта, аз он 3695 гектар ба гандуми баҳорӣ, 411 гектар ба ҷав, 234 гектар ба шолӣ ва 249 гектар ба лӯбиёгиҳо рост меояд. Илова бар ин, 623 гектар замин барои ҷуворимакка, 9941 гектар барои пахта, 594 гектар барои картошка ва 2566 гектар барои сабзавот кишт шудааст. Дар самти корҳои ободонӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713, дар ноҳия як қатор чорабиниҳо, фестивалу озмунҳо, аз ҷумла Фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” баргузор шудаанд.
Дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон ва қарори дахлдори раиси ноҳия, гурӯҳҳои кории махсус таъсис ёфта, ҷиҳати татбиқи босамари омодагӣ ба ҷашн тадбирҳои мушаххас андешидаанд. Дар доираи нақша 340 бинову иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шуда, танҳо дар шаш моҳи соли равон 31 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 72,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
То имрӯз 285 иншооти гуногун сохта ва ба истифода дода шудааст, ки ба 83,8 фоизи нақшаи умумӣ баробар аст. Дар дигар бинову иншоотҳо корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар натиҷаи истифодаи иншооти нав зиёда аз 230 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба иншооти ҷашнӣ 187,6 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад. Аз шумораи умумии иншооти ба истифода додашуда, 104 адад ба соҳаи маориф, 18 адад ба тандурустӣ, 7 адад ба фарҳанг, 4 адад ба варзиш ва 4 адад ба бахши саноат рост меоянд.
Дар идомаи ҷаласа прокурори ноҳия Собирзода Искандар Миралӣ оид ба баъзе камбудиҳои мавҷуда, аз ҷумла истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, сохтмонҳои худсарона ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ ибрози назар намуд. Суханронии ҷамъбастиро намояндаи роҳбари гурӯҳи корӣ - Салоҳиддин Зиёев ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - Гулҷаҳон Юсупова анҷом дода, таваҷҷуҳро ба раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, густариши иқтисоди рақамӣ ва татбиқи низоми пардохти ғайринақдӣ дар муассисаҳои давлатӣ равона сохтанд.