НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » БЕМОРИҲОИ ФАВҚУЛОДА ХАВФНОКИ ЗООНОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
июль 18 2025

БЕМОРИҲОИ ФАВҚУЛОДА ХАВФНОКИ ЗООНОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

                                            БЕМОРИҲОИ ФАВҚУЛОДА ХАВФНОКИ ЗООНОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

        Бемориҳои зоонозӣ - он бемориҳоест, ки аз ҳайвон ба инсон мегузаранд ва баъзеашон шадидан хавфноканд. Дар қатори чунин бемориҳо метавон вабо (холера), чума (тоун), махмалаки обиладори ҳамдунагӣ (оспаи табиӣ), туляремия, табҳои хунин (монанди табби Эббола, Ласса, Конго-Крим), сӯхтании сибирӣ (язваи сибирӣ), тифи шапушӣ (тифи сина), бруцеллёз (бугумдард) ва ҳорӣ (бешенство)-ро ном бурд. Яке аз бемориҳои зоонозии хавфнок ин табби хунин мебошад.

Табби хунин - зоонози вирусии хатарнок: Табби хунин як бемории вирусии зоонозии фавқулода хавфнок мебошад, ки ба организм тавассути нешзании канаҳо мегузарад. Аломати асосии он - пайдоиши хунравии дохилӣ дар марҳилаи муайян аст. Сироят: Ин беморӣ аз канаҳо мегузарад, ки барангезандаро, вируси махсус интиқол медиҳанд. Вирус дар ҳолати ҷӯшонидан зуд нобуд мешавад.

Дар ҳарорати 37,5°С баъди 20 соат ва дар 45°С баъди 2 соат нобуд мегардад. Манбаи сироят: Каламушҳо, харгӯшҳо, баъзе ҳайвоноти хонагӣ ва беш аз 20 навъи канаҳо метавонанд вирусро интиқол диҳанд. Одамон асосан ҳангоми газида шудан аз ҷониби кана сироят меёбанд. Мавсими хуруҷи беморӣ асосан аз моҳи март то октябр мебошад, ки дар ин давра фаъолшавии канаҳо ба назар мерасад.

Механизми сироят (патогенез) Вирус тавассути пӯсти осебёфта ё луобпардаи инсон ворид мешавад. Усули асосии сироят - газидани кана мебошад. Нишонаҳои клиникӣ: Давраи ниҳонии беморӣ (инкубатсионӣ) аз 3 то 5 рӯз идома мекунад. Пас аз он, беморӣ ба се марҳила тақсим мешавад: 1. Давраи ибтидоӣ (то хунравӣ): -давомнокӣ: 1 то 3 рӯз; -аломатҳо; -баланд шудани ҳарорати бадан то 39–40°С; -хунукзанӣ; -дарди сар, мушакҳо, буғумҳо ва миён; -дилбеҳузурӣ ва эҳсоси нотобонӣ. 2. Давраи хунравӣ: -дар рӯзҳои 3-4 беморӣ оғоз меёбад; -ҳарорат ногаҳон паст мешавад; -дар пӯст (шикам, қафаси сина, пушт ва пойҳо) доғчаҳои хунрав (геморрагӣ) ба вуҷуд меоянд. 2. Давраи сиҳатёбӣ (пас аз хунравӣ): -оғоз мешавад пас аз поин рафтани ҳарорат; -камқувватӣ ва бемадорӣ аз 3-4 ҳафта то 2 моҳ идома мекунад. Табобат ва пешгирӣ: -беморон бояд дар хонаҳои алоҳидаи карантинӣ (боксҳо) бистарӣ карда шаванд; -кормандони тиб, ки бо чунин беморон кор мекунанд, бояд бо либосҳои муҳофизатӣ фаъолият намоянд ва қаблан омӯзонида шуда бошанд.

Пешгирии асосӣ - назорат аз болои канаҳо, истифодаи доруҳои зидди кана, пешгирии тамос бо ҳайвонҳои сироятёфта ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ мебошад. Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҳамкорӣ бо Маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 18 июль 2025 07:09
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 12
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
20 май 2025
---
РОҲҲОИ ГУЗАРИШ ВА

РОҲҲОИ ГУЗАРИШ ВА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ХОРИШАК

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031