НОЗИРОТИ АНДОЗ: НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД
Дар шароити иқтисодии мураккаб ва муҳоҷирати афзояндаи аҳолӣ, кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тавонистанд нақшаҳои пешбинишударо барзиёд таъмин намуданд. То якуми июли соли 2025 дар ноҳия 5695 нафар андозсупоранда ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ин шумора 805 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 4890 нафари боқимонда соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, ки тибқи шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, 283 нафар бо шаҳодатномаи муқаррарӣ, 483 нафар бо патент, 1192 соҳибкор бо шартҳои махсус ва зиёда аз 2900 нафар бо шаҳодатномаи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ машғуланд.
Бо вуҷуди он ки нишондиҳандаҳои умумии рушди андозсупорӣ назаррасанд, таъсири омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон, ба соҳаи соҳибкорӣ эҳсос мегардад. Танҳо дар шашмоҳаи аввал 172 соҳибкор, аз ҷумла 8 нафар шахси ҳуқуқӣ ва 164 соҳибкори инфиродӣ, фаъолияти худро қатъ кардаанд. Аз шумораи соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияташонро боздоштаанд, 19 нафар тибқи шаҳодатномаи муқаррарӣ, 43 нафар бо патент, 75 нафар тибқи шаҳодатномаи махсус ва 27 нафар аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ буданд.
Нақшаи қисми даромади буҷет ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ барои шашмоҳаи аввали соли 2025 дар ноҳия 87 миллиону 963 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Дар натиҷаи фаъолияти самарабахши кормандони нозирот, ба буҷет 95 миллиону 505 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки иҷрои нақшаро ба сатҳи 109 фоиз расонид.
Ҳамин тавр, ба буҷет зиёда аз 7,5 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ ворид карда шудааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, ҳаҷми умумии андозҳои ҷамъовардашуда 23,17 миллион сомонӣ зиёд шудааст, ки аз рушди устувори иқтисод ва андозбандӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад.
Бо назардошти тамоми омилҳо, аз тағйироти иҷтимоӣ то зарурати таъмини устувории иқтисодӣ, фаъолияти кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2025 арзишманд арзёбӣ мешавад. Иҷрои пурраи нақшаҳои андоз ва ҳатто барзиёд ворид намудани маблағ ба буҷет нишони масъулиятшиносӣ ва кори дастаҷамъонаи муассир мебошад.
Дар шароити муосири иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини шаффофият ва нигоҳдории интизоми молиявӣ, аз самтҳои муҳими минбаъдаи кори нозирот боқӣ мемонад. Раҳмонализода Салим Раҳмоналӣ, сардори нозироти андози ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ