РИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ
Солҳои охир яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва глобалие, ки тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ин терроризму экстремизм мебошад, ки он як зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин доира аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ экстремизмро ба маънои тундрави аз андоза берун маънидод карда, гузаштани андешаҳо, тарс, ваҳм медонанд ва онро маҳкум карда, бар хилофи он мубориза мебаранд. Имрӯзҳо гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз бефаҳмию бесаводии ҷавонону наврасон истифода бурда, онҳоро ба ваъдаҳои подарҳаво ба доми худ ҷалб сохта, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил месозанд. Онҳо намедонанд, ки фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ бо қарори Суди Олӣ манъ гардидааст.
Ин ҷавонону наврасон ҳамонҳое ҳастанд, ки дар оила ва дар муасссаҳои таълимӣ тарбияи нодуруст гирифтаанд. Дар мафкураи онҳо оила, фарзанд ва ватану миллат фарқ надошта, дину мазҳабҳои ифротгаро аз ҳама боло меистад. Дар охир ҷавонони ноогоҳ даст ба ҷиноят мезананд ва худро ба сафи хоинони миллату давлат шомил менамоянд. Аз расонаҳои итилоотӣ, иҷтимоӣ ва хабарӣ огаҳӣ дорем, ки дар ин роҳ садҳо ҷавононамон ба хотири пули муфт ба кишварҳои Сурия, Ироқ, Шом ва Афғонистон рафта, ғуломи зархарид шудаанд. Бештари онҳо дар ин роҳ ҷони ҷавони худро қурбон карда, падару модар ва наздиконро ба ғаму андуҳи гарон мубтало кардаанд. Яке аз сабабҳои ба иттиҳодияҳои экстремистӣ майл пайдо кардани ҷавонон ин носолимии муҳити оила мебошад, ки онҳо ба тақдири ояндаи фарзандон бепарвоӣ менамоянд. Аз ин гурӯҳҳои экстремистии бо ном назҳати ислом истифода бурда, ҷавононро ба таълмиоти диннӣ ҷалб мекунанд. Баъзе ҷавонону наврасонро гумроҳ карда, бо баҳонаи дар хориҷ ба таҳсил фаро гирифтан, узви ҳизби экстремистӣ менамоянд. Оқибат аз хориҷи кишвар баргашта, мафкураи ҷавонону наврасонро хароб месозанд. Тариқи маълумотҳои оморӣ ва расонаҳои иҷтимоӣ айни ҳол ба ин гурӯҳҳои ифротӣ бештар ҷавонону наврасони аз бист то чилу панҷсола гаравидаанд. Аз чӣ бошад, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар гурӯҳҳои гуногуни экстремистии ифротӣ пайдо шудаанд, ки андешаҳои солими худогоҳию худшиносии миллӣ, бунёдкорию созандагӣ ва зеҳнию инсонгароиро инкор кардан мехоҳанд. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳороти номатлуб соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстермизм” қабул гардида, мавриди амал қарор гирифитааст. Ҳамчун роҳбар ва муаррифгари соҳаи маориф қайд карданиям, ки барои пешгирии хавфҳои ифротӣ гурӯҳҳои махсуси омӯзишӣ ташкил кардан ба мақсад мувофиқ мебошад, зеро дар ҳама баромадҳо ва вохӯриҳояшон бо мардум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид ба амал меоранд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромию осудагии кишвари маҳбубамон омода бошанд. Дар доираи маҳкум кардани андешаҳои носолим ҳар як фарди комили ҷомеа вазифадор аст, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳаргиз шомил нашавад. Кӯшишу ғайрат намояд, ки дар ободию сарсабзиии кишвари биҳиштосоямон, тинҷию оромӣ ва пешрафту тараққиёти Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Яъне, барои пешгирӣ кардан аз ин зуҳуроти номатлуб - терроризму экстремиз бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти баланди ватандориро эҳсос намуда, дар ҳамбастагӣ ҳамеша мубориза бурда, ҷомеаи шаҳрвандиро дар руҳияи баланди ифтихори ватандорӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ ва ободгароӣ тарбия карда тавонад. Хусусан соҳаи маориф ҳамчун таблиғгари афкори баланди сиёсӣ дар тарбияи ватандорӣ шогирдонро бояд дар сатҳи ҷавобгӯ пешкаши ҷомеа намуда, ҳидоятгари роҳи рост ва амали нек бошад. Умед ШОМИРЗОЗОДА, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ