НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ПАХТА - ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН ВА АМНИЯТАШ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН!
сентябрь 22 2025

ПАХТА - ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН ВА АМНИЯТАШ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН!

                        ПАХТА - ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН ВА АМНИЯТАШ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН!

         Бо фаро расидани мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта масъалаи таъмини амнияти он аз оташсӯзӣ аҳамияти хоса мегирад. Ҳамасола кормандони Қисми мустақили 28-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пеш аз оғози мавсим корҳои фаҳмондадиҳию пешгириро дар нуқтаҳои қабулу корхонаҳои коркарди пахта ба роҳ мемонанд. Ҳадаф аз ин тадбирҳо баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорон, механизаторону ронандагон ва масъулони корхонаҳо дар самти риояи қоидаҳои зиддисӯхторӣ мебошад.

      Тибқи нақшаи чорабиниҳои пешгирикунанда, 17 сентябри соли ҷорӣ вохӯриҳои амалӣ дар корхонаҳои пахтаи ҶДММ «Элит Котон» ва ҶДММ «Рушди Хатлон», инчунин дар нуқтаҳои қабули пахта ва як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гардид. Дар ин мулоқотҳо сардори қисм, майори хизмати дохилӣ Носир Сатторзода, бо ишора ба омилҳои асосии сар задани оташ аз шарораи гулхану гӯгирд ва сигори нопурра хомӯшшуда то беэҳтиётӣ ҳангоми истифодаи техника, таъкид намуд, ки ҳар як бетафовутӣ метавонад боиси талафоти ҷиддӣ гардад. Ба масъулони соҳа супориш дода шуд, ки дар наздикии ҷойҳои нигоҳдории пахта оташ афрӯхтан қатъиян манъ буда, борҳои пахта дар мошин ё трактор ҳатман бо матои махсуси обногузар пӯшонида шаванд.

Техникаи ҷалбшуда ба ҷамъоварӣ ва интиқоли пахта бояд бо шарорахомӯшкунак, оташхомӯшкунаки тамғаи ОП-5 ва бел таъмин бошад. Илова бар ин, майдонҳои хушккунии пахта бояд асфалтпӯш ё ҳадди ақал бо қабати лойи ғафс рӯйпӯш карда шаванд. Қоидаҳои ҷойгиршавии техника низ баён гардид: истгоҳҳои трактор, мошинаҳои пахтачинӣ, нуқтаҳои таъмир ва равғанмолӣ бояд на камтар аз 100 метр дуртар аз хирман ҷой дошта бошанд. Дар сурати сар задани оташ дар бордони мошини пахтачинӣ, зарур аст, ки пахта фавран дар макони бехавф холӣ карда шуда, чораҳои фаврӣ барои хомӯш кардани он андешида шаванд.

      Дар ҷараёни вохӯриҳо инчунин таъкид шуд, ки корхонаҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои қабули пахта бояд ҳатман ба обтаъминкунӣ омода бошанд. Дар ҷойҳое, ки то 150 метр гидранти оташнишонӣ вуҷуд надорад, сохтори махсуси ҳавзҳои об ҳатмист. Агар ҷӯй ё дарё дар ҳамин масофа бошад, гузаргоҳҳо ба онҳо бунёд карда шаванд. Инчунин, корхонаҳо бояд бо таҷҳизоти оташнишонӣ, аз ҷумла мошинҳои зиддисӯхторӣ, насосҳо, мотопомпаҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гарданд. Бо назардошти ин ҳама, масъулони Хадамоти давлатии оташнишонӣ хотиррасон карданд, ки пешгирӣ аз сӯхтор на танҳо амнияти молу маҳсулот, балки ҷони одамонро низ ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, риояи қатъии қоидаҳои зиддисӯхторӣ дар мавсими ҳассоси ҷамъоварии пахта шарти асосии ҳифзи дастранҷи меҳнатии деҳқонон ба шумор меравад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 22 сентябрь 2025 13:33
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 51
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
01 август 2025
---
Санаи 30 ИЮЛ - АРҶГУЗОРӢ

Санаи 30 ИЮЛ - АРҶГУЗОРӢ БА ДАЛЕРОН: РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ

Маълумоти бештар
26 февраль 2025
---
МАШҚИ ТАКТИКӢ -

МАШҚИ ТАКТИКӢ - ОТАШНИШОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 5 феврали соли 2025 дар Қисми 28-уми Хадамоти

Маълумоти бештар
28 декабрь 2023
Асосӣ / Тандурустӣ
СОЛИ НАВРО БИДУНИ СӮХТОР

СОЛИ НАВРО БИДУНИ СӮХТОР ИСТИҚБОЛ НАМОЕМ Хамасола, вақте ки Соли нави мелодӣ фаро мерасад, бо наздик шудани ин

Маълумоти бештар
28 декабрь 2023
Асосӣ / Иқтисодӣ
ЛИМӮПАРВАРӢ - СОҲАИ

ЛИМӮПАРВАРӢ - СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК Лимӯпарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва сердаромади кишоварзӣ буда, дар таъмини

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Серхонанда