НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ТУҲФАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА КИТОБХОНАИ МАРКАЗӢ
ноябрь 12 2025

ТУҲФАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА КИТОБХОНАИ МАРКАЗӢ

                       ТУҲФАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА КИТОБХОНАИ МАРКАЗӢ

         Барои рушди маърифат ва дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои иттилоотӣ, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, ба Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 3000 китобҳои электронӣ ҳамчун туҳфа тақдим намуданд. Туҳфаи мазкурро 30 сентябр дар Рӯзи ҷашни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба Китобхонаи марказӣ дастрас намуд. Маъмурияти Китобхона ин иқдомро ҳамчун ҳадяи арзанда ва қиматбахш арзёбӣ намуда, ба раиси вилоят сидқан изҳори миннатдорӣ намуд.

 Таъкид шудааст, ки ин китобҳои электронӣ барои васеъ намудани имкониятҳои хонандагон, пешбурди фарҳанг, дониш ва дастрасии осон ба иттилооти муосир аҳамияти ҷиддӣ хоҳанд дошт. Қабули ин туҳфа бозгӯи таваҷҷуҳи мақомоти вилоят ба рушди китобхонаҳо ва дастгирии фаъолияти фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон мебошад.

Китобҳои электронӣ дар оянда барои барномаҳои оммавӣ, таҳсилоти иловагӣ ва омӯзиши фанҳои гуногун истифода бурда хоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки ин иқдом захираи китобхонаиро бой гардонида, заминаи рушди маърифат ва фарҳанги китобхонӣ дар ноҳияро тақвият мебахшад.

                                                                                                                                                  

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 12 ноябрь 2025 13:27
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 209
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
29 март 2023
Маориф
САФАРИ КОРИИ РАИСИ

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Дар арафаи ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
30 сентябрь 2022
Асосӣ
Рӯзи гиромидошти Мавлоно

Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Санаи 30 сентябр Рӯзи гиромидошти

Маълумоти бештар
03 ноябрь 2025
---
МАВЛОНО ДАР ҶОДАИ НАЗМУ

МАВЛОНО ДАР ҶОДАИ НАЗМУ НАСР АЗ ХУД МЕРОСИ ГАРОНБАҲОЕ БОҚӢ ГУЗОШТААСТ

Маълумоти бештар
06 октябрь 2022
Маориф
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ВА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Январь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 

Серхонанда