НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » МАВЛОНО ВА ПАЁМИ ҲАМДИЛӢ: ТАҶЛИЛИ ҶАШН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
ноябрь 18 2025

МАВЛОНО ВА ПАЁМИ ҲАМДИЛӢ: ТАҶЛИЛИ ҶАШН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 07:32 --- 0

          МАВЛОНО ВА ПАЁМИ ҲАМДИЛӢ: ТАҶЛИЛИ ҶАШН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

            30 сентябри соли равон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо шукӯҳу тантана таҷлил гардид. Чорабинӣ бо ҳузури масъулони вилояту ноҳия, аҳли зиё ва ҳаводорони ашъори безаволи ин орифи бузург баргузор шуда, ба як ҷашни фарҳангиву маънавӣ табдил ёфт. Маросим бо гузоштани гулчанбар дар пояи муҷассамаи Мавлоно оғоз гардид, ки нишонаи эҳтиром ба шахсияти таърихиву ҷаҳонии ӯ мебошад. Баъдан меҳмононро директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия Кароматулло Садиров бо фаъолияти маҷмааи таърихии Мавлоно ва бойгонии фарҳангиву илмии он шинос гардонид.

 Дар идома, маҳфили «Мавлонохонӣ», ки бо ташаббуси роҳбарияти Осорхона таъсис ёфтааст, аъзои маҳфили мазкур меҳмононро бо порчаҳо аз ашъори ноби Мавлоно истиқбол намуда, фазои маънавии хосро фароҳам оварданд. Дар ин рӯз намояндагони мақомоти вилоятӣ ва ноҳиявӣ низ ширкат доштанд. Аз ҷумла, сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Юсуф Амирхон, намояндагони раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, шоир Чӯпон Бадали Ванҷӣ, муовинони раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, Шукурзода Шаҳло ва дигар масъулин дар қатори иштирокдорон ҳузур ёфтанд.

Юсуф Амирхон дар баромади худ бо таъкид ба шахсияти ҷаҳонии Мавлоно иброз дошт, ки ин нобиғаи фарҳанг дар Вахшонзамин ба дунё омада, сипас дар сарзаминҳои Руму Шом таҳсили илм намуда, осори гаронмоя ва оламшумулро ба ёдгор гузоштааст. Гуфта шуд, ки таълимоти Мавлоно имрӯз на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои башарият муҳим буда, инсонҳоро ба дӯстиву ҳамдилӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳамбастагӣ даъват мекунад.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ дар ҳамоҳангии раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди дастагули суруду таронаҳои рангин доир гардид. Ҳунармандон бо суруду намоишномаҳо, порчаҳои шеърӣ ва саҳнаҳои театрӣ зиндагӣ ва осори Мавлоноро таҷассум намуда, бо ҳунари худ фазои идона бахшиданд. Барномаи фарҳангӣ ба як фазои бошукӯҳу хотирмон табдил ёфт ва тамошобинон аз шеваи иҷрои ҳунармандон ва пос доштани мероси гаронмояи Мавлоно руҳу илҳоми тоза гирифтанд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 18 ноябрь 2025 07:32
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 0
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
06 октябрь 2022
Маориф
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ВА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи

Маълумоти бештар
03 ноябрь 2025
---
МАВЛОНО ДАР ҶОДАИ НАЗМУ

МАВЛОНО ДАР ҶОДАИ НАЗМУ НАСР АЗ ХУД МЕРОСИ ГАРОНБАҲОЕ БОҚӢ ГУЗОШТААСТ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930