http://balkhi.tj/
БА ҚАДРИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ БОЯД РАСИД
13-05-2021, 11:33 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

    Ба қадри ваҳдату истиқлолияти миллӣ, марзу бум, сарзамин, давлату давлатдории худ расидан, бояд дар қалбу дидаю ҷисму ҷони ҳар як ватандор, албатта, тоҷикистониён қарор дошта бошад ва онҳо моҳияти аслии истиқлолияту ваҳдати худро бо таври бояду шояд дарк намоянд.

    Маълум аст, ки нафарони зиёде ҳастанд дар бораи Истиқлолият, Ваҳдат фаҳмиши сарсарӣ дошта, ҳанӯз ҳам дарк накардаанд ва нафаҳмидаанд, ки дар дунё мардумоне арзи ҳастӣ доранд, ки аз давлати миллӣ, Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ маҳруманд.

     Аниқ аст, сарзамине, ки Истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ надорад, албатта гирифтори асорат ва дастнигарист. 

      Пас, андеша бояд намуд!

    Хушбахтона, мо имрӯз соҳиби Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ҳастем ва бояд донист, ки онҳо аз куҷо пайдо гардиданд, ки ба сухани қодир гуфтан дар хусуси ватани худ моро устувор гардониданд.

    Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чун дигар собиқ ҷумҳуриҳо бидуни ихтиёр дар ҳудуди мавҷудаи хеш мустақил гардид. Дар мавриде, ки масъалаи давлатдории навин барои мо пеш омад ва Тоҷикистон барои ҳимояи марзу бум, давлату давлатдорӣ ва истиқлолияти атогардида шурӯъ намуд, гирифтори нокомиҳои сангине, дучори фитнаю найрангбозиҳо, пора-пора сохтани якпорчагии сарзамин гардид. Бадбиниву фисқу фуҷур ва нифоқи ҳамагони мо парокандагӣ ва дурӣ ҷустанро ба бор овард. Кишвар ба харобазор табдил гардид, чароғи умри ҳазорон бародару хоҳарони бегуноҳи моро фурӯ бурд. Ба ҷои таронаи шодию фараҳи соҳибистиқлолӣ, навҳаҳои ҷонхароши оҳу нола ба фалак печид. Ҷанги бародаркушӣ, ҷанги тану ҷон, ҷанги дахшатноктарин аз диди таърих, ки ба нестшавии миллат оварда мерасонид, оғоз гардид.

       Дар ҳамин марҳилаи норавшану тақдирсоз, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Ҳамагон аз наворҳои шабакаҳои телевизионӣ бархӯрдоранд, ки нимаҳои дуюми моҳи ноябри соли 1992 вакилони мардумӣ бо нобоварӣ ва шакку шубҳаи зиёд дар Қасри Арбоб ҷамъ омаданд.

    Ба минбар ҷавоне баромад, бо симои тоҷикона ва нигоҳи ҷиддӣ. Ин ягон саҳнаи нақшофарӣ набуд. Ҳақиқат буд, ки мо онро бо чашми худ дида истодаем. Албатта, инсоне, ки каме соҳибақл аст дарк менамояд, ки ин ҷавон чӣ қадар боҷасорат, нотарсона ва бо боварӣ суханонеро такрор намуд, ки бар дили вакилони ҳузурдошта шуълаи умед равшан шуд.

     «Ман барои амну амонии халқу ватанам ҳозирам ҷони худро қурбон кунам». Ҳама дар ваҷду тахайюл монданд.

     Ӯ тавонист барои миллати худ Ваҳдат офарад. Ин Ваҳдати бо неруи бузурги фарзанди асили миллат эҳсоснамуда, эҷоднамуда, таҳҳррезигардидаю амалисохтаи Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо бо он ифтихор дорем.

    Гирди ин идеяҳои ваҳдатофару эҷодкор бояд ҳамеша сарҷамъу содиқ бошем. Ба қадри ин сарзамин, давлату давлатдории худ бояд расем.

Сафарзода Шералӣ Нур,

раиси суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

скачать dle 12.1
Просмотров: 44  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.