http://balkhi.tj/
ПАЁМИ НАВБАТӢ – РОҲНАМО БА СӮИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА
27-05-2021, 08:43 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

    Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,

    Аз нидо ояд ба сӯйи мо садо.

       Ҷалолиддини Балхӣ

   Бо ин таъкидҳои инсонпарваронаи Мавлоно бояд қайд намоям, ки ҷаҳони имрӯза, ки масъалаҳои глобалии зиёд дорад, аз мо, ҷавонон, дурандешии ҳамаҷонибаро тақозо менамояд.

     Яке аз ин масоил ба зуҳуроти номатлуб-терроризму ифротгароӣ роҳ гирифтани бархе аз ҷавонон аст, ки аз оила то ҷомеаи худро доғдор месозанд. 

    Мо шоҳиди он ҳастем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавононро дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азизамон хеле бузург арзёбӣ намуда, ташаббусҳои ҷавононро пайваста дастгирӣ мекунанд. Хусусан, дар ҳар як баромади худ таъкид менамоянд, ки ба таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

     Албатта, ин талошу ҷоннисориҳои роҳбари давлат бо мақсади он равона карда шудааст, ки насли ояндасоз аз мушкилоту масъалаҳои ташвишовар дар канор монанд. 

      Мутаассифона, имрӯз ҳастанд ашхоси тангназаре, ки ба ҷавоби ин ғамхориҳо муқобил меистанду худро дар охир дар чоҳи пушаймонӣ меафкананд.

     Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки тариқи шабакаҳои телевизионии кишварамон намоиш дода шуд, барои насли ҷавони имрӯза сабақи зиндагист. Мо худ шоҳиди он рӯзҳои мудҳиш мебошем, ки имрӯз таърих он рӯзҳоро баҳрамон саҳифагардон менамояд. Пас ҳар як ҷавони боақлу боидрок ва ватандӯстро мебояд, ки бо ақлу фаросати худ ба сӯи некномию накукорӣ қадам гузорад. Маҳз ҷавононе, ки рӯ ба терроризму экстремизм меоранд, аксар фирефтаи касони иғвогару фитнаангез дар шабакаҳои интернетӣ ҳастанд.

      Агарчӣ имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ қарор дорем, пешрафти технологияҳои муосирро низ бояд ба манфиату рушди камолоти худ ва аҳли ҷомеа истифода барем.

      Рӯ ба китобу китобхонӣ овардан ин маданияту маърифати моро баланд мебардорад. Хислатҳои ношоистаро аз ниҳодамон дур мекунад. Тайи се соли охир бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад.

     Ҳамчун узви ҷомеаи соҳибистиқлоли кишвар ба чунин ҷавонон рӯ оварда гуфтаниям, ки соҳибэҳтиром гардидани мо аз худи мо вобастагӣ дорад. 

     Чун таҳлили гуфтаҳои боло, ки хулқу атвор ва рафтори ҳар яки моро назди ҷомеа ба ду роҳ мебарад: агар нек бошем олами хушбахтӣ ва агар бад бошем, олами ғаму андӯҳ.

Сафарзода Шералӣ Нур,

раиси суди ноҳияи 

ҷалолиддини Балхӣ 

скачать dle 12.1
Просмотров: 37  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.