http://balkhi.tj/
ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ ХОРИШАК
7-06-2021, 11:31 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Пӯст яке аз узвҳои муҳими организми инсон ба ҳисоб меравад. Бемориҳои пӯст ва тағйироти дар организми инсон бавуҷудомадаро дар худ инъикос мекунад. Имрӯзҳо дар байни аҳолии ноҳия яке аз бемориҳои сироятии пӯст хоришак зиёд ба назар мерасад.

     Хоришак яке аз бемориҳои сироятии пӯст буда, барангезандааш канаи «Клеш» мебошад. Сабаби пайдошавии ин беморӣ риоя накардани тозагӣ, яъне гигиенаи шахсӣ мебошад. Бемории хоришак давраи пинҳонӣ дошта аз 3-7 рӯз иборат мебошад, ки дар ин давра дар сатҳи пӯст ягон тағйирот дида намешавад. Ба ғайр аз хориш бо гузашти якчанд рӯз дар сатҳи пӯст гиреҳчаҳои ҷуфт – ҷуфт мушоҳида карда мешавад. Гиреҳчаҳои дар сатҳи пӯст пайдошуда асосан дар ҷойҳои пӯсти тунуки эпидермис буда дида мешаванд. Аз ҷумла дар пӯсти оринҷи дастон, байни ангуштони дастону пӯсти зери бағал, пӯсти шикам ва пӯсти ронҳои пойҳо дида мешавад.

Аломатҳои клиникии беморӣ

    Аломатҳои беморӣ асосан хориши зиёди пӯст мебошад. Хориши пӯст шабона зиёд мешавад. Чунки барангезандаи беморӣ нисбат ба рӯз шабона фаъол мебошад. 

     Аломати дигари ин беморӣ пайдошавии гиреҳчаҳои ҷуфт - ҷуфт дар сатҳи болоии пӯст мебошад. Дар кӯдакон аз ҳисоби суст будани масунияи аз нозукии пӯсташон обилачаҳо бо моеи серозӣ ва баъди хориши зиёд бодхураҳо дар сатҳи пӯсташон дида мешавад. 

     Дар ҳолати сари вақт табобат накардани ин беморӣ ва ё табобати дуруст нагирифтан метавонад, ки сирояти дуюмдараҷа дар сатҳи пӯст ҳамроҳ мешавад.

    Дигар оризаи беморӣ ин асабхаробӣ мебошад, чунки маводи зарароваре, ки ба барангезандаи асаб таъсир намуда, асабро ба ангезиш меорад ва бо гузашти вақт дар шахси бемор асабхаробӣ мушоҳида карда мешавад.

     Чи тавре ки дар урфият мегӯянд: «Тозагӣ гарави саломатӣ аст». Бинобар ин, сокинони ноҳияро даъват мекунем, ки ба масъалаи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. 

Сабаби дигаре, ки боиси паҳншавии бемории хоришак мегардад, ин ҷойгиршавии партовгоҳҳо дар маҳаллаҳои номувофиқ аст. 

    Бояд зикр намуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ ва дигар бемориҳои сироятии пӯст аз ҷониби кормандони Маркази бемориҳои пӯст ва сирояти ҷинсии ноҳия дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ва муоинаи толибилмон гузаронида мешавад.

      Дар хотир дошта бошед, ки солимии бадан ин солимии пӯст ва солимии пӯст ин зебогии инсон мебошад. Аз ин рӯ, аз Шумо хонандаи азиз, хоҳиш менамоем, ки дар ҳолати пайдошавии тағйироти паталогӣ дар сатҳи пӯстатон ба худмуолиҷа машғул нашуда ба мутахассис муроҷиат намоед. Кормандони Маркази бемориҳои пӯст ва сирояти ҷинсии ноҳия барои хизмат ба сокинон ҳамеша омодаанд.
скачать dle 12.1
Просмотров: 71  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.