http://balkhi.tj/
ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРИИ ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ
8-06-2021, 11:33 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Вайрон шудани оила, ҷудо шудани зану шавҳар, бе парастор мондани кӯдакон, пайдо шудани хусумату бадбинӣ байни наздикону хешон, даст задани шаҳрвандон ба ҷиноят ва худкушӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаби рӯз ба ҳисоб меравад. 

     Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ҳамчун яке аз аркони ҷомеа таҳти муҳофизати давлат қарор дорад. 

     Ҳанӯз 19-уми марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабул ва мавриди амал қарор гирифта буд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

     Ҳадаф аз қабули Қонуни мазкур ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият мебошад. Танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда ва мусоидат намудан ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд муҳтавои қонуни мазкурро ташкил мекунанд. 

     Гуфтан бамаврид аст, ки мафҳуми «зӯроварӣ» маънои васеъ дошта, бо инъикоси истифода гардидани қувваи ҷисмонӣ дар муносибатҳои оилавӣ маҳдуд намешавад. Яъне, зӯроварӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ шаклҳои гуногуни худро доро аст, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ метавонад ба зиндагии орому осуда халал ворид намуда, сабаби пошхӯрии оила ва ятиму бесаробон мондани тифле гардад. 

     Тибқи моддаи 18-и қонуни мазкур чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои таъсиррасонии мақсаднок ба шуур ва рафтори шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ҷиҳати пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ӯ ва таъмини амнияти ҷабрдида татбиқ карда мешаванд.

     Дар банди 2-и моддаи 18 чунин намудҳои чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила муайян карда шудааст:

- суҳбати хусусияти тарбиявидошта;

- ба мақомоти корҳои дохилӣ овардани шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда;

- амрномаи муҳофизатӣ;

- дастгиркунии маъмурӣ;

-татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тиббӣ;

-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарию модарӣ, бекор кардани фарзандхондӣ, васоят ё парасторӣ;

-ҷойгир кардани ҷабрдида дар марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон.

       Қонунгузор гузаронидани суҳбати хусусияти тарбиявидоштаро ҳамчун чораи муқаддамотӣ баҳри пешгирии зӯроварӣ дар оила муқаррар намудааст. Ҳадаф аз гузаронидани чунин суҳбатҳо пеш аз ҳама ошкор кардани сабаб ва шароитҳое, ки боиси содиршавии зӯроварӣ дар оила шудаанд, фаҳмонидани оқибатҳои иҷтимоию ҳуқуқии он, барқарорсозӣ ва таҳкими устувории оила гузаронида мебошад. Зимнан бо доир намудани чунин суҳбатҳо имкон фароҳам меояд, то ҳар нафаре, ки ин амалро содир намудааст, сари рафтору кирдори хеш андеша намояд. Аз расонидани зиёни равонию ҷисмонӣ ба наздикони худ даст кашад. 

       Мутаассифона рӯз то рӯз кам шудани самаранокии чораи мазкур аён мегардад. Ҳатто усули “Хона ба хона”, ки аз ҷониби масъулин амалӣ мегардад аксар вақт ба девори ҷаҳолат ва фаҳмишҳои нодурусти оилаҳои ҷавон, таъсири ақидаҳои ифротӣ ва ғалати динии хусуру хушдоман ва наздикону хешовандон рӯ ба рӯ мешавад. Хусуру хушдоман фаромӯш мекунанд, ки онҳо канизи хонавода не, балки ба узвияти оилаи худ як нафари дигарро қабул кардаанд, ки ҳамчун инсон ҳуқуқу озодиҳои худро дорад. Ҳамин тавр моддаи 32-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои баробар доштани зану шавҳарро дар оила муқаррар намуда, интихоби озоди шуғл, касб, намуди фаъолият, иқоматгоҳ ва маҳалли будубошро кафолат додааст. Инчунин тибқи банди 3-и моддаи мазкур аъзои оила вазифадоранд ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кӯмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некӯаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд.

      Қобили зикр аст, ки дар мавриди татбиқи сиёсати гендерии давлатӣ (сиёсати гендерӣ – фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятие, ки ба таъмини баробарии муносибатҳои мутақобилаи мардон ва занон равона шудааст) ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият намудани занон 1-уми марти соли 2005 таҳти №89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” қабул шудааст. Яъне, Ҳукумати кишвар барои рушди баробари занону мардон шароити мусоид фароҳам овардааст. 

      Бо истифода аз ин имконият ҳар сол садҳо нафар ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ имкон доранд тариқи дарёфти Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳсил намуда, соҳиби касб ва маълумоти олӣ гарданд. Аммо чӣ бояд кард, ки пас аз ба шавҳар баромадан рӯ ба рӯйи садди нофаҳмии шавҳар ва наздикони ӯ мегарданд. Он замон фаромӯш мешаванд ваъдаҳои зиёди ҳангоми хостгорӣ додаи хусуру хушдоман ҷиҳати монеъ нашудан ба таҳсил ва кор кардани ҷавондухтар. Кор то ба ҷое мерасад, ки шавҳар на танҳо монеъи ба таҳсил ва кор рафтани ҷавондухтар, балки монеъи роҳандозӣ намудани муносибатҳои солим бо ҳамдарсон ва ҳамкорон мегардад. Рӯйи кор гирифтани талаботҳои: “Намехонӣ!”, “Кор намекунӣ!”, “Агар аз хона баромадӣ талоқ!” ва амсоли ин ки аз бемаърифатӣ ва курсаводӣ дарак медиҳанд ва аксар вақт сабаби нофаҳмии зану шавҳар, хушунату зӯроварӣ дар оила ва оқибат ҷудошавии зану шавҳар мегардад. 

       Дуруст аст, ки қонунгузор дигар чораҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ба мисли ба мақомоти корҳои дохилӣ овардани шахси дар оила зӯроварӣ содирнамуда, додани амрномаи муҳофизатӣ ва дастгиркунии маъмуриро пешбинӣ намудааст. Мутаассифона дар амал татбиқи ин чораҳо метавонад натиҷаи баръаксӣ дода, боиси ба ғазаб омадани ҷавону наздиконаш ва дар ниҳоят сабаби пош хӯрдани оилаҳо гардад. 

       Ҳамарӯза сару садоҳои зиёд баланд мешавад, ки бояд ҷавононро ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ омода намоем. Аммо, чӣ гуна, бо кадом роҳу усул ва ҷорӣ намудани кадом низом метавон пеши роҳи ин омили хатарзоро гирифт? 

     Гуфтан бамаврид аст, ки 95 дарсади сокинони кишвар пайравони дини мубини исломанд. Ақидаи носолиме, ки барои тарбияи зан ва фарзанд аз зӯри мушт истифода бурдан ҳатмӣ аст ҳама он оёту ҳадисеро, ки дини Исломро ҳамчун дини насиҳат муаррифӣ мекунад барбод медиҳад. Уламои дини Ислом ва калонсолони маҳалро низ мебояд пайваста бо такя ба оёту аҳодиси бунёдгарона ба ҷавонон талқин намоянд, ки роҳи аз ҳама беҳтари пойдории оила сабру таҳаммул дар корҳо, мусолиҳа ва дур кардани рашки беасос аст. Рехтани равған ба оташи ғазаби ҷавонон оқибатҳои фалокатбор дорад. Аз ин лиҳоз дар сурати беэътиборӣ ҷомеаи шаҳрвандиро лозим меояд, ки тадбирҳои аз буда сахттаъсирро андешад. Зеро ин мушкилӣ метавонад дари ҳар кадом узви ҷомеаро бикубад. Он вақт барои ҷӯстани чора дер мешавад. 

     Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Вале фишанги асосӣ ҷиҳати ҳалли мушкилот дар дасти зану шавҳари ҷавон аст. То он замоне, ки зану шавҳари ҷавон ва наздикону хешовандони онҳо ақидаҳои нодурустро аз худ дур карда, ҳаёти якҷояи худро дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ насозанд, моҳияти муқаррароти қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқиро ба таври бояду шояд дарк карда, баҳри амалӣ намудани он кӯшиш накунанд дар назди ҷомеа суолҳои бе посух боқӣ хоҳад монд. 


Мирзозода

Собир Зайдулло,

судяи Суди ноҳия
скачать dle 12.1
Просмотров: 15  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.