ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

   Дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раҷабалӣ Абдулов ва ҳайати ҳакамон рӯзи 5 апрели соли 2024 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор гардид. Озмун аз рӯи ду номинатсия-сарояндагӣ ва навозандагӣ баргузор гардид, ки дар он иштирокчиёни аз 12 то 17- сола ва аз 18 то 35 - сола иштирок намуданда, аз 25 нафар довталабони иштирокчӣ 24 нафарашон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таъмини ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон роҳандозӣ шуда, шаш сол боз идома дорад.  

                                                             7 АПРЕЛ - РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ

       Ҳамасола санаи 7 - уми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз, 6 апрел табибони беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи умимиҷаҳонии тандурустӣ ба аҳолӣ хизматрасонии ройгон расониданд. Тавре муовини сартабиби беморхона Давлатмурод Назаров гуфт, дар ин рӯз аҳолӣ тавонист аз машварату муоина ва ташхиси ройгони мутахассисони соҳаи тиб бархурдор гардад. “Дар доираи чорабинии мазкур ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ гузаронида, ҳамчунин аз тарафи Маркази ВНМО/БПНМ ба аҳолӣ маводҳои таблиғотӣ ва пешгирикунанда тақсим карда шуд” - иброз дошт Давлатмурод Назаров.

                                   БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

     Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба шумор рафта, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд. Дар ин росто, рӯзи 3 апрели соли равон дар толори беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қурбонзода Қудратулло, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбон Асадулло Зикрихудоев, раиси Иттиҳодияи ношунавоёни Тоҷикистон Маннон Шарипов, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон Очилдиев Ҷамшед, сардори шӯъбаи меъморӣ ва сохтмон, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, роҳбарони беморхона, шуъбаи маориф, ва дигар сохторҳои алоқаманд мизи мудаввар оид ба амалишавии «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» баргузор гардид. 

ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН» ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад. Фестивали мазкур рӯзи 3 апрели соли 2024 бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, адиб ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» Одиназода Ибодуллоҳ, мутахассиси пешбари бахши фарҳанг Гулмурод Кабиров, директори китобхонаи марказӣ Наргис Салимова, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ Шаҳзода Ибрагимҷонова, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Хайриниссо Қаҳорова ва китобдорони филиалҳо дар китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор карда шуд. 

                                 1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ!

    Тавре маълум аст, ҳамасола дар саросари кишварамон -Тоҷикистони азиз шурӯъ аз 1 апрел мавсими даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз мегардад. Бо ин мақсад, дар рӯзи аввали мавсими даъвати баҳорӣ аз маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷавонони даъватшуда дар даст шиор ва Парчами миллӣ то назди Маҷмааи варзишии Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ намуданд. Дар оғози ҳамоиш раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба сохторҳои марбутаи давлатӣ, комиссияҳои даъватӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва волидоне, ки фарзандонашон довталабона хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро ихтиёр намуданд, изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.

 

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия як силсила чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир гардид. Хиёбону кӯчаҳои ноҳия барои истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии Наврӯз ба таври идона ороста шуда, ба ин муносибат тамоми кӯчаю хиёбон ва маҳаллаву шаҳрак ҳамаҷониба омодагӣ гирифта буданд. Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ субҳи имрӯз, 23 март бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинони ноҳия дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ оғози Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯзро бо назардошти расму русуми мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карданд. Сараввал раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ҳамагонро бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, чунин қайд намуд: “Мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз таҷассуми гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ, суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад”. -Имрӯз, ки фасли баҳор ва шукӯҳу нусрати Наврӯзи некпай дар саросари кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ танинандоз аст, бояд лаҳзае фаромӯш накунем, ки мавсими кишту кор ва талошҳои созандагию бунёдкорӣ дар пешанд. 

                 ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ - ТУҲФАИ НАВРӮЗӢ

         Дар рӯзи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 23 марти соли 2024 дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Навобод бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 кушода гардид. Бинои мазкур дорои 4 синфхона буда, барои 100 нафар ҷойи нишаст дар як баст мавҷуд мебошад. Дар ин рӯз дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати Золи Зар низ бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 бо 4 синфхона ва барои 100 нафар ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор гирифт. Гуфта шуд, ки муассисаҳои болозикр бо саҳми падару модар, хоҷагиҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохта шудаанд. Ба истифода додани биноҳои иловагии назди ду муассисаи таълимиро як туҳфаи хотирмони наврӯзӣ арзёбӣ намуданд.

 

 

                                               САМАРАИ ҲАМКОРИҲО

   Ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳар чӣ зиёдтар фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ин таъкид ба устувор гардонидани мафкураи насли ояндасози миллат мебошад. Аз ин хотир, дар баробари муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ташкил намудани Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар назди ҳар мактаби таҳсилоти умумии кишвар ва ба ин васила ташкил намудани шароити мусоид ба таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ амри воқеӣ дониста мешавад. Ҷиддӣ муносибат намудан ба ин матлаб бояд вазифаи ҳар як фарди худогоҳ ва махсусан, сарварони муассисаҳои таълимӣ бошад. 

                                              СУРАТГУЗОРИШ

   Аз санаи 4 март то 14 марти соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз тарафи Абдухолиқзода Акмал-ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи такмили ихтисос, Назарзода Акмал-мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишкадаи такмили ихтисос, Азизуллозода Мақсудҷон- сардори шуъбаи таълими Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқшиносони муассисаҳои ноҳия курси сайёри баландбардории савияи донишҳои ҳуқуқӣ ва малакаи касбӣ барузор гардид.  

ҶАЛОЛИДДИНИБАЛХӢ: ИФТИТОҲИСИНФХОНАҲОИИЛОВАГӢДАРНАЗДИДУМУАССИСАИТАЪЛИМӢ

       Имрӯз, 16 март, зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 2 бинои иловагиро дар назди муассисаҳои № 23 ва № 24 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин ду иншоот бо саҳми падару модар, хоҷагиҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шудаанд. Тибқи лоиҳа иншоотҳо аз як ошёна иборат буда, дорои 8 адад синфхона барои 184 ҷойи нишаст дар як баст мебошад. Тибқи нақша сохтмони бинои китобхона низ дар назар аст. Раиси вилояти Хатлон бо масъулин суҳбат карда, онҳоро муваззаф намуданд, ки дар тарбияи насли наврас саҳми худро ва барои ободии диёр кӯшиш намоянд. Инчунин, раиси вилоят супориш доданд, ки дар оянда барои ба гармӣ таъмин намудани синфхонаҳо дар фасли сармо чораҷӯӣ карда шавад. Гуфта шуд, ки бояд корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вусъат дода шавад. Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон. 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30