БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯ

     Беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ дар ин самт корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шуда истодааст. Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таҳлил ва баррасии амиқи масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа санаи 17 июли соли 2023 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо аз шуъбаҳои дилшиносӣ, шуъбаи амрози занонаи беморхонаи марказӣ, марказҳои саломатӣ, солимии репродуктивии шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, Маркази мубориза бо бемории ВНМО ва Маркази дандонпизишкии ноҳия дидан намуд. Аснои боздид аз муассисаҳои тандурустӣ Қумриниссо Сангализода ба масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, саривақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба беморон, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муошират бо беморон, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Давоми солҳои охир соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

 

 

 

 

 

БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ «АНДАЛЕБ – 2023»

         ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Имрӯз 14 июли соли 2023, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, АП-318, оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, дар Чойхонаи ба номи "Шамсулло"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Боймуродов Саидмурод, Ризоев Муҳаммад, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо ва дигар масъулин доир гардид. 

      МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ

   Санаи 13-уми июли соли 2023 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси назоратии назди муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ -Сангализода Қумриниссо баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба соҳаи иҷтимоӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок доштанд. Муовини раиси ноҳия Сангализода Қумриниссо зимни баромадаш аз масъулини соҳа пурсиш ба амал оварда, барои пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, рафти таъмири босифати муассисаҳои таълимӣ, таъмини либоси ягонаи мактабӣ ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо доданд. Ҳайати иштирокдорон барои иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ худро масъул дониста, ваъда доданд, ки то муҳлати муайяншуда супоришҳоро амалӣ менамоянд.

Навиди Балх

ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДӮХТАНИ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

   Имрӯз 12 июли соли 2023 муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо аз рафти дӯхти либосҳои ягонаи мактабии ҶДММ «Сомон-И 2013» воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Балх ва коргоҳи дӯзандагии «Фирӯзаи Исматулло»-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд. Дар ҶДММ «Сомон-И 2013» 20 нафар кормандон фаъолият намуда истодаанд, ки онҳо то инҷониб 12 ҳазор либосҳои ягонаи мактабӣ барои солҳои хониши 2023-2024 дӯхтаанд, ки аллакай ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас карда шуд. ҶДММ «Сомон-И 2013» ва коргоҳи дӯзандагии «Фирӯзаи Исматулло» аз зумраи корхонаҳое ҳастанд, ки барои мактаббачагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ либосҳои шинами мактабӣ ва барои кормандони беморхона хилъатҳову матоҳњои рӯкаш ва ҳамчунин либосҳои фарҳангӣ омода мекунанд. Айни замон дар корхонаҳои зикргардида дӯхтани либосҳои ягонаи мактабӣ бо маром идома дорад.

 МАВҚЕЪ ВА ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ   БАЛХӢ МУАРРИФНОМА

     Шукурова Шаҳло Тағойхоновна 9 апрели соли 1974 дар оилаи хизматчии давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шудааст. Соли 1991 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 - и ҳамин ноҳияро хатм намуда, аз соли 1994 фаъолияти кориро дар муассиссаи хатмкарадааш ба ҳайси омӯзгор оғоз бахшидааст. Маълумоти олиро дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиб шудааст. Айни ҳол ҳамчун директори ин муассисаи мазкур кору фаъолият дорад. Соли 2016 бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гаштааст. Дар баробари вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум, солҳои 2020-2025 будан, инчунин вакили Ҷамоати шаҳраки Балх даъвати сеюм, солҳои 2020-2025 интихоб гардидааст. 

                                                                        ТОБИСТОНА

     Фасли тобистон ҳамчун фасли истироҳатӣ барои хонандагону толибилмон хусусиятҳои хоси худро дорад. Махсусан, фасли тобистон бо истироҳату фароғаташ аз дигар фаслҳо фарқ дорад. Фасли тобистон бештар ба кӯдакону наврасон хуш меояду бесаброна интизори фаро расидани ин фасл мешаванд. Айни ҳол дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон таътили тобистона идома дорад. Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023 ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 4 майи соли 2023, №97 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №126 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кудакон ва наврасон дар соли 2023» рӯзи 15 майи соли 2023 дар толори шуъбаи маориф бо иштироки кормандон ва директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

                      ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ

  Бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Кайҳонии Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 26 июни соли 2023 бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо дар вазъияти тантанавӣ Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд. Маркази саломатӣ бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо лоиҳаи CASA 1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд. Маркази саломатӣ бо маблағи 1,5 млн сомонӣ сохта шуда, аз 6 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои таваллуд, хатнаи кӯдакон, доругузаронӣ, бемордорӣ, ҳуҷраи табиб ва қабулгоҳ иборат мебошад. Ҳамчунин дар он ҳамом ва ҳоҷатхона низ мавҷуд мебошад. Маркази саломатӣ 7 нафар кормандони тиббиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда, барои зиёда аз 3500 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар арафаи 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифтани маркази саломатӣ рамзи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба вазъи саломатии мардум мебошад.

 

 

              БОЗДИД АЗ МАРКАЗҲОИ САЛОМАТӢ ВА БУНГОҲҲОИ ТИББӢ

  Санаи 12 июни соли 2023 муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сангализода Қумринисо аз вазъи беморхонаи № 4 ва марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббии Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия дидан намуд. Ба кормандони марказҳои номбурда дастуру супориш дода шуд, ки дар назди бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ корҳои ободонӣ, шинонидани гулу буттаҳо амалӣ карда шавад. Ҳамзамон муовини раиси ноҳия зимни мулоқот бо кормандони марказҳои болозикр қайд намуд, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан Вируси Норасоии Масунияти Одам дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Мавсуф ҳамчунин доир ба камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳа ва ислоҳи онҳо супоришҳо дод.

   Боздиди муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сангализода Қумринисо аз рафти сохтмони синфхонаҳои иловагии муассисаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Гулистон. 

 Фаъолияти бунгоҳҳои тиббӣ ва пешгирии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ дар  Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 13.06.2023

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30