БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯ
Беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ дар ин самт корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шуда истодааст. Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таҳлил ва баррасии амиқи масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа санаи 17 июли соли 2023 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо аз шуъбаҳои дилшиносӣ, шуъбаи амрози занонаи беморхонаи марказӣ, марказҳои саломатӣ, солимии репродуктивии шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, Маркази мубориза бо бемории ВНМО ва Маркази дандонпизишкии ноҳия дидан намуд. Аснои боздид аз муассисаҳои тандурустӣ Қумриниссо Сангализода ба масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, саривақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба беморон, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муошират бо беморон, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Давоми солҳои охир соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.