Санаи 12 майи соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ, деҳаи Суюнобод аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Риоева Ҷавоҳир-сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, Саидова Барно, сармутахассис - котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдак, Шарипов Ҷонибек- директори маркази мубориза бо бемории ВНМО, Назарова Меҳрангез -муовини директори маркази саломатӣ ва Самиев Абдулмутолиб -эмомхатиби масҷиди ҷомеа бо сокинони маҳалла вохӯрӣ оид ба масъалаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир намуданд. Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои: -баҳри боз ҳам фаъолгардонии шаҳрвандон дар таълиму тарбияи фарзанд, ғамхории падару модар, омӯзгор давлат ва ҷомеа; -омода намудани фарзандон ба зиндагии мустақилона ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани онҳо; - баланд бардоштани маърифати оиладорӣ; -пешгирии худкушию худсӯзӣ; -пешгирии ҷудошавии оилаҳо; -пешгирии бемории ВНМО дар ноҳия; -риояи талаботҳои дастурамали тавсиявӣ либосҳои миллӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; -пешгирии шомилшавии ҷавонону занон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, омилҳои терористию экстремистӣ; -пешгирии бемориҳои сирояти ва ғайраҳо баррасӣ карда шуд. Инчунин дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №68 низ бо иштироки омӯзгорону хонандагон вохӯрии мазкур баргузор гардид. Парвина АҶИКОВА, "Навиди Балх"
Навиди Балх