ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 21 майи соли 2024 бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва наврасону ҷавонон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло насли ҷавонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки насли ҷавон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аксари ҷавонони бонангу номуси ноҳия дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишвару ноҳияаамон заруриро аз бар карда истодаанд. Гуфта шуд, ки қисме аз ҷавонон бо азму иродаи матин дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва сохтмонҳои бузурги кишвар заҳмат мекашанд, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияту оромии давлат ва ҷомеа қарор доранд ва иддае Парчами Тоҷикистони азизро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд мебардоранд. 

 МУҚОВИМАТ БО ФАСОД Ё ХУД КОРРУПСИЯ - АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА

    Рӯзи 20 майи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сармутахассисони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷаласаи ғайринавбатӣ оид ба коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионидошта баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зимни маърузаи худ зикр намуд, ки коррупсия барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, субботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

 БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

    Рӯзҳои 13 - 14 майи соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Тутинисо Юсупова, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аъзо ва ҷамъи довталабони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд. Озмун аз рӯйи шаш номинатсия - «Адабиёти кӯдакону наврасон», «Адабиёти муосир», «Адабиёти классик», «Адабиёти ҷаҳон», «Эҷоди назм», ва «Эҷоди наср» баргузор гардид. Дар озмун 450 нафар довталаб, аз ҷумла 342 нафар духтарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 2 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, дар доираи талаботи тартиби озмун бобати аз худ намудани осори манзум ва мутолиаи китобҳо ва ғайра малака ва истеъдоди худро нишон доданд.

  Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъбаст гардида, 41 нафар довталабон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

 

 ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

      Санаи 15 майи соли 2024 зимни сафари кории раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон ба ноҳияҳои минтақаи Хатлон бо гирандагони стипендияи Президентӣ аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав бо мақсади қадршиносии барандагони озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша - чорабиниҳои Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” ҳамоиш доир гардид. 

   ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2024

       Имрӯз, 19 апрел дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар се моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлис муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ризвонзода Фирдавс Зикр, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Гулҷаҳон Юсупова, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, ҳамчунин муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаи маҳалла иштирок намуданд. Зимни суханронии хеш раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.

      

   БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ БАЙНИИДОРАВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

    Рӯзи 19 апрели соли 2024 дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври аввали озмуни байниидоравии ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид. Озмун бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раҷабалӣ Абдулов, мудири бахши фарҳанг Латифзода Насиба, директории китобхонаи марказӣ Наргис Салимова, методисти китобхона Лутфинисо Азизова, хонандагони филиалҳои китобхона ва муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Озмун аз рӯи чор номинатсия: "Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ", "Адабиёти классик", "Адабиёти муосир" ва "Адабиёти ҷаҳон" баргузор гардид. Дар озмун 33 нафар довталабон иштирок намуда, бо маҳорати баланд ба саволҳои аъзои ҳакамон ҷавоб дода, 8 нафари онҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. 

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ХОНАНДАГОНИ МУАССИСА ДОИР КАРДА ШУД.

     Санаи 15 апрели соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои дахлдор аз тарафи маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68-и Ҷамоати деҳоти Навоӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба мавзӯъҳои шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷангу муноқишаҳои гурӯҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо хонандагон баргузор карда шуд. Қайд гардид, ки хонандагонро мебояд пайваста рӯ ба донишандӯзӣ оварда, бояд ки дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бошанд ва аз беҳудагардию муноқишаҳои гурӯҳӣ худдорӣ намоянд. Маъмурияти муассиса вобаста ба масъалаҳои мазкур бо хонандагон ишора намуда, таъкид намуданд, ки одобу ахлоқ ва донишомӯзии хонандагон дар мадди аввал истода, ҳар як наврасу хонандаро зарур меояд аз шароитҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, вақти пурқимати хешро барои аз худ намудани илмҳои муосир равона созад. 

  

  

СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

          Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои муштараки сохторҳои дахлдори вилояти Хатлон аз 20 марти соли ҷорӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волояти қонун ва дастрасӣ ба адолат, оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 апрели соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, намояндаи Суди вилояти Хатлон Мирзозода Неъмат, намояндаи прокуратураи вилояти Хатлон Самизода Суҳроб, намояндаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Обидзода Юсуф, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон Қурбонзода Манучеҳр, намояндаи Раёсати адлия дар вилояти Хатлон Эшпулотов Бахтиёр ва намояндаи шуъбаи дин, танзим, анъана ва ҷашну маросими вилояти Хатлон Сафаров Умар иштирок намуданд. Баромадкунандагон доир ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва шарҳу тавзеҳоти Паёми Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуда, қайд карданд, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023 №668 ба имзо расид. Мақсад аз ба тасвиб расидани фармони мазкур, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волояти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ ва ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

 ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

   Дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раҷабалӣ Абдулов ва ҳайати ҳакамон рӯзи 5 апрели соли 2024 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор гардид. Озмун аз рӯи ду номинатсия-сарояндагӣ ва навозандагӣ баргузор гардид, ки дар он иштирокчиёни аз 12 то 17- сола ва аз 18 то 35 - сола иштирок намуданда, аз 25 нафар довталабони иштирокчӣ 24 нафарашон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таъмини ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон роҳандозӣ шуда, шаш сол боз идома дорад.  

ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН» ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад. Фестивали мазкур рӯзи 3 апрели соли 2024 бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, адиб ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» Одиназода Ибодуллоҳ, мутахассиси пешбари бахши фарҳанг Гулмурод Кабиров, директори китобхонаи марказӣ Наргис Салимова, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ Шаҳзода Ибрагимҷонова, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Хайриниссо Қаҳорова ва китобдорони филиалҳо дар китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор карда шуд. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930