-->
 

                              ТОЗА НАМУДАНИ  КӮЧАҲО АЗ БАРФ

Боришоти зиёди барф дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боиси сар задани мушкилоти зиёд миёни аҳолӣ гардид. Барои бартараф кардани ин мушкилот аз ҷониби масъулини Ҷамоати деҳоти Навоӣ 1 адад техника барои тоза намудани роҳҳои кӯчаҳои ҷамоати мазкур аз барф сафарбар гардида, бехатарии роҳҳоро таъмин намуданд. 12.01.2023

 

 

 

    Санаи 11 январи соли 2023 бо фармони Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин карда шуд.

Навиди Балх
Вчера, 21:13

                              ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ ДАР НОҲИЯ

   Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 июли соли 2022, №228 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак ва шаҳру ноҳияи беҳтарин ба тасвиб расида, тибқи Низомномаи озмун ва дар муҳлатҳои муқарраргардида озмуни вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд. Ҳадафи озмуни вилоятӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободонӣ ва самаранок истифодабарии замин, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ равона гардидааст. Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмунҳо зиёда аз 2 миллион нафар фаро гирифта шуда, 1570 деҳаю маҳалла, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот, 465 оила, 513 кадбону аз 25 шаҳру ноҳия дар марҳилаи дуюми озмун дар баргузории озмуни вилоятӣ иштирок намудаанд. Комиссияи вилоятӣ ҳамаи маводҳои пешниҳодшударо таҳлил намуда, бо мақсади иҷрои талаботи Низомномаи озмун, ва қарори болозикри раиси вилояти Хатлон дар асоси ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои арзёбӣ чунин қарор қабул намуда, ғолибони озмун муайян гардиданд. Аз ҷумла шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун шаҳраки беҳтарини вилояти Хатлон дониста шуда, ба раиси ҷамоати ин шаҳрак Ҷабборзода Суҳроб Диплом ва мукофотпулӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022 аз тарафи Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид сарфароз гардонида шуд.

 

 

                      ҒОЛИБОНИ НОҲИЯ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

     Санаи 4 январи соли 2023 дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупориҳо, аз ҷумла ҷоизасупории Федератсияи футболи Хатлон баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупориҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷумла аз рӯи номинатсияи эҷоди назм ба ғолиби ҷои аввал директори МТМУ-и 33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Зебунисо Қосимова маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҳамчун туҳфа тақдим гардид. Ҳамзамон ба беҳтарин мураббӣ байни наврасон Дурвешов Музаффар, беҳтарин бозингар байни наврасон Муборов Умедҷон ва беҳтарин бозингарон байни духтарон Тахминаи Баҳром ва Раҳматова Ҷамила аз тарафи Федератсияи футболи Хатлон бо Ҷом, Диплом ва Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд. 

 

 

 НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022

   Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2022 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2023 бо иштироки муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Ризвонзода Фирдавс Зикр ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Холов Гулмаҳмад, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи қокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳои кишоварзии калонҳаҷм, раисони кумитаҳои маҳалла баргузор гардид.

 ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Санаи 5 январи соли 2023 дар толори Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумаев, Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султон вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати мазкур баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат зимни суханронии хеш аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр дошт, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқу ташвиқи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Роҳбари давлат дарҷ гардиданд, вакилони Маҷлиси намояндагон дастур гирифтанд, ки ҳар кадом бо интихобкунандагони худ ҷиҳати тавсияи бахшҳои Паём дар маҳал бо мардум мулоқотҳо анҷом диҳанд.

                          ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

   Дар ҷаҳони имрӯз экстремизм ва терроризм чун зуҳуроти манфӣ ва ҷинояти фаромиллӣ хатари ҷиддӣ ба амният ва оромии ҷомеа мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд борҳо иброз дошта, таъкид кардаанд: «Террорист Ватан, миллат, дин, сарҳад надорад ва набояд онҳоро ба муътадилгарову таҳаммулнопазир ҷудо кард. Террористон дар ҷомаи дин даромада, барои амалӣ намудани ниятҳои худ одамонро бо бераҳмии махсус ба қатл мерасонанд. 

 ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Имрӯз 3 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Хоҷагии ба номи Турахон Исанқулови Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб вохӯрии муфид бо сокинони ҷамоати болозикр баргузор гардид. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуд. 

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Санаи 3 январи соли 2023 дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар ва Икромӣ Фазлиддин вохӯрии судманд бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Калинин ва Навоӣ баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат вохӯриро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ноҳия хайрмақдам гуфт. 

 ВОХӮРӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Санаи 3 январи соли 2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳ додани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб ва Икромзода Фазлиддин иштирок доштанд. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930