ВОХӮРӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Санаи 3 январи соли 2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳ додани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб ва Икромзода Фазлиддин иштирок доштанд.