НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР САНҶИШИ АМАЛӢ
май 26 2025

ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР САНҶИШИ АМАЛӢ

                                          ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР САНҶИШИ АМАЛӢ

      Рӯзи 17 майи соли 2025 дар Варзишгоҳи марказии «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санҷиши умумии омодабошии қувваҳо ва захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини аввали вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва масъулони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ин санҷиш бо ҷалби шумораи зиёди шаҳрвандони эҳтиётӣ, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҳузур ёфтанд, доир гардида, бозгӯи омодагии онҳо барои дифоъ аз хоки Ватан мебошад. Зимни суханронӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ба мавзӯи аҳамияти мудофиаи миллӣ дахл намуда, таъкид кард, ки системаи мудофиа маҷмуи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ ва ҳуқуқиро фаро мегирад, ки ба ҳифзи соҳибистиқлолӣ, якпорчагии марзӣ ва суботи давлат равона шудааст. Гуфта шуд, ки мудофиа вазифаи муҳими давлат ва мардум ба шумор меравад ва тайёрии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт ва аҳолӣ дар ин самт нақши калидӣ мебозад.

Баргузории чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкиливу фаннӣ сурат гирифта, барои он тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз хадамоти тиббиву ёрии таъҷилӣ то воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ омода карда шуда буданд. Шаҳрвандон ва кормандони ташкилотҳо техника ва таҷҳизоти худро ба намоиш гузошта, садоқати худро нисбат ба амнияти кишвар ва омодагии худро ба ҳифзи он нишон доданд.

Дар идома, ҳайати Вазорати мудофиа ва роҳбарияти ноҳия аз намоиши техникӣ боздид намуда, бо иштирокдорони машқҳо суҳбат анҷом доданд. Масъулин дар изҳоротҳои худ ба аҳамияти ташкили чунин машқҳо таъкид намуданд, ки дар ҳар вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ чунин санҷишҳо барои боло бурдани сатҳи омодабошии шаҳрвандон аҳамияти бузург доранд. Ин чорабинӣ як бори дигар нишон дод, ки шаҳрвандони кишварамон таҳти сиёсати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи марзу буми Ватан, субот ва арзишҳои миллӣ ҳамеша омодаанд ва бо эҳсоси баланди масъулият ва садоқат хизмат менамоянд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 26 май 2025 14:36
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 23
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
16 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Тандурустӣ / Фарҳанг / Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
МУДОФИА - ЯКЕ АЗ

МУДОФИА - ЯКЕ АЗ ВАЗИФАҲОИ МУҲИМТАРИНИ ДАВЛАТ Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30