НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ОСОРХОНА - ПАЙВАНДИ НАСЛҲО
май 26 2025

ОСОРХОНА - ПАЙВАНДИ НАСЛҲО

                                                  ОСОРХОНА - ПАЙВАНДИ НАСЛҲО

         17 майи соли 2025 ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангии «Шоми дарҳои кушоди осорхона» баргузор гардид, ки таваҷҷуҳи зиёди сокинони маҳаллӣ ва дӯстдорони мероси таърихиро ҷалб кард. Дар ин чорабинии фарҳангӣ беш аз 250 нафар иштирок намуданд.

 Дар байни меҳмонон муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, волонтёрон, гирандагони стипендияҳои президентӣ, инчунин ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва як қатор сокинони фаъоли ноҳия ҳузур доштанд.

Иштирокчиён аз гӯшаҳои мухталифи осорхона дидан намуда, бо таърихи бой ва мероси пурғановати халқи тоҷик шинос шуданд. Бо роҳнамоии кормандони Осорхона, ба меҳмонон дар бораи ашёҳои таърихӣ, кофтаниҳои бостоншиносӣ, санъати мардумӣ ва асарҳои нодири таърихию фарҳангӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Директори Осорхона Кароматулло Садиров иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати таърихӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз таърихи ғании миллат миёни ҷавонон хеле муҳим аст. Ӯ афзуд, ки осорхонаҳо на танҳо ганҷинаи таъриху фарҳанг, балки мактаби зиндаи омӯзиши арзишҳои миллӣ мебошанд.

Чорабинӣ дар фазои идона ва ҳувияти миллӣ баргузор шуда, бо баргузории бахши саволу ҷавоб, мусоҳиба бо меҳмонон ва намоиши барномаҳои кӯтоҳи фарҳангӣ анҷом ёфт. «Шоми дарҳои кушоди осорхона» як иқдоми муҳимест барои ҷалби бештари ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон ба омӯзиши таърих ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 26 май 2025 14:40
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 19
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
03 июль 2023
Асосӣ
ИТТИЛОИЯ ОИД БА

ИТТИЛОИЯ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАЪВАТИ ШАШУМ .

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30