ПИРОНИ ҶАНГ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҶОМЕА
20 майи соли 2025 бо ташаббуси Ҷамъияти ҷумҳуриявии хайриявии "Дуои пирон" дар вилояти Хатлон ба яке аз фарзандони шуҷои миллат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Давлатов Машраб кумаки пулӣ тақдим карда шуд.
Дар маросими супоридани кумак намояндаи ҷамъияти зикршуда Одинақул Душанов, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Раҷабов Меҳроб ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти Навбаҳор Насридинов Дилором ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Онҳо саҳми беназири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро дар таъмини сулҳу субот ва озодии халқ хотиррасон карда, таъкид доштанд, ки қаҳрамониҳои онҳо ҳаргиз фаромӯш намешаванд. Давлатов Машраб, ки ягона иштирокчии ҷанг дар ҳаёт аст, яке аз намунаҳои зиндаи матонат, ҷасорат ва фидокорӣ мебошад.
Мақомоти маҳаллӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ пайваста кӯшиш доранд, ки барои чунин ашхоси арзанда шароити муносиб фароҳам оваранд. Иқдоми мазкур на танҳо кумаки моддӣ, балки ҳамчун рамзи эҳтиром ва шинохти хизматҳои содиқонаи собиқадорони ҷанг арзёбӣ мешавад.
Ҷамъияти "Дуои пирон" тайи солҳои охир бо чунин амалҳои нек эҳтироми мардумро ба даст оварда, нақши муҳими иҷтимоӣ дар ҷомеа мебозад. Ин ташаббус бори дигар собит сохт, ки арҷгузорӣ ба гузаштаву хизматҳои ватандӯстонаи наслҳои пешин яке аз унсурҳои муҳими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати иҷтимоии ҷомеа мебошад.