НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » БАРРАСИИ ПАЁМАДҲОИ КОРРУПСИЯ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТӢ
май 26 2025

БАРРАСИИ ПАЁМАДҲОИ КОРРУПСИЯ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТӢ

                                     БАРРАСИИ ПАЁМАДҲОИ КОРРУПСИЯ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТӢ

      Санаи  25-уми майи соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи васеъ таҳти унвони “Муқовимат бо коррупсия - кафолати рушди устувори ҷомеа” баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, нозири шуъбаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сайдамирзода Ҷамшед, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ оғоз ёфт.

Ӯ таъкид намуд, ки коррупсия дар ҳама давру замон ҳамчун як амали паст ва хавфнок эътироф мешавад. Ба гуфтаи ӯ ҳар як шахс бояд пеш аз даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, аввал ба ояндаи худ ва фарзандонаш андеша намояд. “Коррупсия ҷомеаро аз дарун хароб мекунад, адолатро аз байн мебарад ва боиси коста шудани эътимоди мардум ба ҳокимият мегардад”, - иброз дошт Қурбонзода Қурбоналӣ.

Сипас, Сайдамирзода Ҷамшед - намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон, дар мавзӯи "Паёмадҳои хатарноки коррупсия дар ҷомеа" маърӯза кард. Ӯ таъкид намуд, ки ин падидаи номатлуб танҳо мушкили дохилии як кишвар нест, балки ба як мушкили глобалӣ табдил ёфтааст, ки барои амнияти давлат ва рушди иқтисодии он таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад.

Гуфта шуд, ки коррупсия ахлоқ ва виҷдони ҷомеаро мекушад. Вақте ки қонун бо пул хариду фурӯш мешавад, дигар наметавон аз адолат ҳарф зад. Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки коррупсия наслҳои ояндаро низ зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳад.

Зеро агар фарзандон дар муҳити пур аз порахӯрӣ ба воя расанд, эҳтимоли такрори чунин рафтор аз ҷониби онҳо низ зиёд мешавад. Ӯ аз ҳамаи иштирокчиён даъват ба амал овард, ки барои решакан намудани ин падидаи номатлуб муттаҳидона ва бо масъулияти баланд амал намоянд.

Дар анҷоми ҷаласа, иштирокчиён пешниҳодҳо ва андешаҳои худро дар мавриди роҳҳои самараноки муқовимат бо коррупсия баён дошта, изҳори омодагӣ намуданд, ки дар таҳкими ҷомеаи бе пора ва адолатпеша саҳмгузор хоҳанд буд. Чунин вохӯриҳо ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандии сокинон баргузор гардида, барои тақвияти мубориза бо коррупсия дар сатҳи маҳаллӣ нақши муҳим мебозанд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 26 май 2025 14:59
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 24
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30