Суратгузориш аз рафти ташриф ва дидан намудани намояндагони Ҷумҳурии исломии Эрон аз Мақбараи рамзӣ ва Хона Музейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. 3.06.2023
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
Ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон -1 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешавад. Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд.
ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба чорабинии як моҳи ҳаёти кӯдакон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор чорабиниҳо таҳия гардида, кӯдакон ба ҷойҳои таърихии ноҳия аз қабили Осорхона, Мақбара ва Хона – музейи Ҷалолиддини Балхӣ ҷалб карда шуданд. Инчунин оид ба ин чорабинӣ як қатор озмунҳо гузаронида шуд, ки ғолибон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ расонидан ба кӯдакони маъюб ва имконияташон маҳдуд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муовини раиси ноҳия Сангализода Қумринисо, сармутахассис - котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба соҳаи иҷтимоӣ ба 85 нафар кӯдакони маъюби бистарӣ кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд. Дар ҳамин раванд муовини раиси ноҳия Сангализода Қумринисо аз шарту шароитҳои муассисаҳои томактабии ноҳия дидан намуданд.
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ
Санаи 25 майи соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи назоратии назди муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумринисо баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба соҳаи иҷтимоӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа аз роҳбарони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муҳлат дода шуд. Инчунин, аз тарафи муовини раиси ноҳия барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ҳозирин дастуру супоришҳо дода шуд.