Оғози рӯзи дониш дар мактаби Байналмилалии Президентӣ Суратгузориш аз рафти Рўзи дониш ва Дарси сулҳ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ бо иштироки раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, Шарипов Шайдулло-намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва прокурори ноҳия Собирзода Искандар.
Имрӯз бахшида ба Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ занги аввал садо дод. Ҳамасола дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.
Аз ҷумла дар Мактаби байналмилалии ноҳия бахшида ба Рӯзи дониш раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, Шарипов Шайдулло намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва прокурори ноҳия Собирзода Искандар хонандагон ва омӯзгоронро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳамчунин бо муносибати ифтитоҳи бинои замонави самимона тарику таҳният гуфтанд.