ВОХӮРӢ СУДБАХШ БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОН
Санаи 18 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, котиби мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи шуъбаи маориф, омӯзгорон ва волидайни хонандагон вохӯрӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, таҳкими ҳамкории падару модарон бо соҳаи маориф, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии аз таҳсил дур мондани хонандагон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терроризму экстремизм ва пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона доир гардид.