НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ВОХӮРӢ СУДБАХШ БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОН
декабрь 03 2024

ВОХӮРӢ СУДБАХШ БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОН

Санаи 18 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, котиби мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи шуъбаи маориф, омӯзгорон ва волидайни хонандагон вохӯрӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, таҳкими ҳамкории падару модарон бо соҳаи маориф, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии аз таҳсил дур мондани хонандагон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терроризму экстремизм ва пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона доир гардид.

Қайд гардид, ки масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд, раванди мақсаднок ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудан аст.

Гуфта шуд, ки масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо имрӯзҳо ба яке аз масъалаҳои доғ табдил ёфта, аҳли ҷомеа бояд нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд ва дар якҷоягӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои бегона мубориза баранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста таъкид месозанд, ки миллати мо бояд ба расму ойини гузаштагони худ такя намуда, садди роҳи бегонапарастӣ гарданд. Дар ин самт бахусус ба занону модарон рӯ оварда, таъкид менамоянд, ки “...дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш сайъу талош намоянд”.

Ҳамзамон чунин як вохӯрии судбахш бо мураббиёну волидайни таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии №3 ва №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ гузаронида шуд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 03 декабрь 2024 11:43
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 34
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Маориф
ВОХӮРИҲОИ МУФИД ОИД БА

ВОХ Ӯ РИ Ҳ ОИ МУФИД ОИД БА ПЕШГИРИИ Ҷ АВОНОН АЗ ГУР ӮҲҲ ОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ Тибқи нақшаи кории Мақомоти

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Маориф
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ВОЛИДОНИ ХОНАНДАГОН Санаи 17 январи соли 2023 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031