НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ - ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ КИШВАР
март 18 2025

МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ - ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ КИШВАР

                      МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ - ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ КИШВАР

         Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба масъалаи мубориза бо экстремизм ва терроризм таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, хатарҳои ин падидаҳои номатлубро барои ҷомеа таъкид карданд. Дар ҳақиқат, терроризм ва экстремизм имрӯзҳо на танҳо ба амнияти миллии Тоҷикистон, балки ба суботи минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунанд.

Воқеан, терроризм ва экстремизм имрӯзҳо ба яке аз мушкилоти асосии ҷаҳонӣ табдил ёфта, ин падидаҳо на танҳо амнияти давлатҳоро зери хатар мегузоранд, балки ба ҳаёти осоиштаи мардум низ таъсири манфӣ мерасонанд. Албатта, барои пешгирӣ ва мубориза бо онҳо, ҳамкорӣ ва ҳушёрии ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ғояҳои ифротӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолиятҳои тарбиявӣ, маърифатӣ ва иҷтимоӣ бошад. Барои ин, мо, аҳли калонсолон, бахусус пешбарандагони ҷомеа бояд ба ин паҳлуҳо таваҷҷуҳи ҳамаҷониба намоем. Аз ҷумла, тарбияи насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тақвият диҳем. Дар ин замона ҷавонон бояд дарк кунанд, ки амнияти давлат ва суботи ҷомеа аз худи онҳо вобастагии қавӣ дорад.

Бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динии онҳо ноогоҳӣ ва донишҳои камашон дар бораи арзишҳои дини мубини ислом ҳаёташонро осебпазир мекунад. Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем ва таҳлил намоем, ки терроризм ҳеҷ рабте ба ислом надорад.

Инчунин густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифодаи ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва вохӯриҳои шахсӣ барои пешгирии таъсири идеологияҳои ифротӣ низ муҳим мебошад. Дар баробари ин тақвияти ҳамкории ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз пешравиҳо дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аст. Агар ҳар як шаҳрванди кишвар барои пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ масъулият эҳсос кунад, мо метавонем амнияти давлатамонро ба пуррагӣ таъмин намоем.

Ба андешаи банда ҳамчун саҳмгузори Ҳукумати конститутсионии кишвар барои мубориза бо ин падидаҳои хатарнок чораҳои зерин муҳиманд: Якум, маърифати дурусти ҷомеа ин баланд бардоштани саводи динӣ ва ҳуқуқии мардум. Дуюм, мубориза бо ташвиқоти ифротӣ – назорати шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳдуд кардани паҳншавии афкорҳои радикалӣ.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 18 март 2025 09:31
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 321
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар
20 январь 2025
Асосӣ
ПАЁМ - РОҲНАМОИ РУШДИ

Паёми навбатии Асосгузори сул ҳ у ва ҳ дати милл ӣ - Пешвои миллат , Президенти Ҷ ум ҳ урии То ҷ икистон му ҳ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Март 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31