НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ПАЁМ - РОҲНАМОИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН
январь 20 2025

ПАЁМ - РОҲНАМОИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвар як марҳилаи муҳим ва таърихии дигарро эҷод мекунад. Он аз як дастоварди бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣва фарҳангӣшаҳодат медиҳад, ки дар он тамоми масъалаҳои муҳим ва мубрам барои рушди мамлакат ва беҳбудии ҳаёти халқбаррасӣгардида, ба манфиати давлат ва миллат равона шудааст.

Паёми Пешвои муаззами миллат ҳамчун санади расмии давлатӣ натанҳо самтҳои асосии сиёсати кишварро муайян мекунад, балки ба ҳамаи мардуми кишвар даъват мекунад, ки ба он итоат намуда, дар роҳи амалишавии ҳадафҳо ва барномаҳои ислоҳотӣ якҷоя фаъолият намоем.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар чанд соли охир ба як кишвари устувор ва пешрафта табдил ёфтааст. Мањз дар Паёмҳои ҳарсола, ки ҳар яке аз онҳо дар таърих ҳамчун марҳилаи навини рушд боқӣ мемонанд, мардуми тоҷик ба самтҳои гуногуни таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти фарҳангӣ даъват гардида, тадбирҳои муҳимро дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа амалӣ шуда истодаанд.

Мо бояд бо ифтихор ёд кунем, ки тамоми лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки барои беҳбудии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи мамлакат тарҳрезӣ ва қабул мешаванд, пурра дар доираи татбиқ қарор гирифтаанд. Аз Паём то Паём,   ҳар як барнома марҳила ба марҳила амалӣ шуда, кишвари мо бо кӯшишу талоши ҳамаи аҳолии он ба як диёри зебо манзар ва дилнишин табдил ёфтааст. Барои намуна, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, беҳбудии инфрасохтор ва дастгирии аҳолии ниёзманд босиёсати бунёдгаронаи роҳбарият, нишон медиҳад, ки миллат дар роҳи ҳадафҳои олии худ қадам мезанад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ҳар як узви ҷомеаро ба корҳои ободонию созандагӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

Дар ин замина, аҳамият ба насли ҷавон таълим додани онњо дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ аз љониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, барномарезии тарбиявӣ ва фарҳангӣ барои насли наврас бояд диққати аввалиндараҷаи ањолиро ташкил намояд. Хусусан, волидайн ва омӯзгорон вазифадоранд, ки фарзандони худро дар руҳияи муҳаббат ва эҳтиром ба фарҳанг ва таърихи миллат тарбия намоянд, то ки насли оянда битавонад арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро нигоҳ дошта, дар ҷаҳони муосир муваффақ бошанд.

Бинобар ин, дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, ки мо бояд таърихи гузаштагони худро пурра аз худ намуда, ёдгориҳои таърихиро барои наслҳои оянда нигоҳ дошта, онҳоро ҳамчун мероси фарҳангӣ интиқол диҳем. Ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, бояд фаҳманд, ки нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвар як вазифаи муҳим ва љонист, ки онро натанҳо давлат, балки ҳаряк узви ҷомеа бояд иҷрокунад.

Пешвои миллат бо ишора ба аҳамияти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таърихӣ таъкид мекунанд, ки натанҳо ин ёдгориҳо барои мардум аҳамият доранд, балки онҳо манбаи таҳкими иттиҳодия, истиқлолияти давлат ва миллат мебошанд. Бо таваҷҷуҳ баини, ҳар як волидайн ва омӯзгор вазифадоранд, ки насли ҷавонро дар рўҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳанги аҷдодӣ тарбия намоянд.

Дар њаќиќат, Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи манфиатҳои халқ буда, ҳар яки моро зарур аст, ки босаъю талоши софдилона ва эҳсоси баланди ватандорӣ аз пайи амалӣ намудани ҳадафҳои муайянгардида бошем.

Мо, ҳамчун шаҳрвандони Љумҳурии Тољикистон, бояд масъулияти худро ба хубӣ дарк кунем ва барои рушди кишвар ва беҳбудии зиндагии халқ саҳмгузорем. Паёми Пешвои миллат моро вазифадор мекунад, ки бо иттифоқ ва ҳамбастагӣ ҳамаи кӯшишҳоямонро барои созандагии Тоҷикистон равона кунем.

 

Сафарзода Шерали Нур,  раиси  Суди  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 20 январь 2025 07:04
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 498
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30