НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за Декабрь 2022 года

              КУМАК БА ЯТИМОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2023

   Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама иду ҷашнҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша, соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳо ба мактаб-интернат ва маъюбону собиқадорони меҳнат кумакҳо расонида мешаванд. 

  ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

 Санаи 26 декабри соли равон дар арафаи Соли нави мелодии 2023 ба Дидбонгоҳи сарҳадии Калъаи Файзободи Қисми ҳарбии 0306 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷамоати деҳоти Навобод маводи хӯрока аз қабили равған, шакар, намак, тухм, биринҷ, маска, макарон ва як адад телевизор кумак расонида, ба сарбозони дидбонгоҳи мазкур дастархони идона ороста шуд. 

 

 ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

   Бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо санаи 24 декабри соли 2022 мувофиқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси вилоят муҳтарам Салимзода Амонулло дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид. Сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вобаста ба масъалаҳои истифодаи замин, таъмир ва иваз намудани трансформаторҳо, баррасӣ намудани проблемаҳои ҷойдошта ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ба муовини якуми раиси вилояти Хатлон муроҷиат намуданд.

ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ БАЙНИМАРЗӢ Санаи 22 декабри соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ ҷиҳати муаррифии муҳтавои мақолаи коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба масъалаҳои байналмилалӣ зери унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” бо иштироки Сарходими илмии пажуҳишгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Саймумин Раҳматзода, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонзода Хуршед, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар фаъолони ноҳия баргузор гардид.

                                 ҚАҲРАМОН АЗ МО ГУЗАШТ

   (Дар сугвории раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло) Марди хубу қаҳрамон аз мо гузашт, Як раиси меҳрубон аз мо гузашт. Бо ҷаҳони дигаре ҳамроз шуд, Чунки аз руи ҷаҳон аз мо гузашт. Қуввату дармони халқи хеш буд, Ҳамчу Рустам паҳлавон аз мо гузашт. Марди хубу оқилу фарзона буд, Некному покҷон аз мо гузашт. Ҳар салому ҳар каломаш шукр буд, Шукргӯён марди ҷон аз мо гузашт. Нурбахшо буд, ин ноҳияро, Ҳайф, моҳи осмон аз мо гузашт. Нек буду кору кирдораш накӯ, Марди поку ростон аз мо гузашт. Ин замон зору ҷигархунем мо, Раҳбари мо, ногаҳон аз мо гузашт. Мо зи лутфаш ҳамдилӣ омӯхтем, Чун падар, чун соябон аз мо гузашт. Ҳамчу фарзандаш бигӯем бо алам, Шаҳсутуни хонадон аз мо гузашт. Бо алам гӯем, андар шеъри худ, Номбардори замон аз мо гузашт. Эй Худо, ҷояш намо андар биҳишт, Чун, биҳишти ҷовидон аз мо гузашт. 09.12.2022 Малоҳат Толибова - фарзанди маънавии ин марди биҳиштӣ

Навиди Балх

 СӮГНОМА БА РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО Ту рафтиву садоқати ту бар Ватан бимонд, Булбул зи боғ рафтаву холӣ чаман бимонд. Ту роҳбар будиву будӣ хоксор беш, Эй марди номдор, тиҳӣ анҷуман бимонд. Эй садри остони Ватан, ҳомии сухан, Ин хоку сарзамину чаман бе сухан бимонд. Будӣ ту чун рафиқу бародар, чу додаре, Во ҳасрато, ки меҳри Ватан дар кафан бимонд. Ёрӣ бикардӣ бар ҳама мазлуму бенаво, Ёди ту рӯи барги гули ёсуман бимонд. Мафтун, чӣ дардҳо, ки кашидӣ ба ёди дӯст, Нӯги қалам шикасаву ашки сухан бимонд.

10.12.2022 Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун

 

 

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Санаи 7 декабри соли 2022 дар толори Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид, ки дар он масъулини Прокуратураи ноҳия, ШВКД, шуъбаи Кумитаи давлатии амният дар ноҳия, Кумитаи андоз, Раёсати молия, Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳаи тандурустӣ ва директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ду масъала, ҳолати иҷрои талаботи қонунгузорӣ вобаста ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар ҳудуди ноҳия дар давоми 9 моҳи соли 2022 ва ҳолати иҷрои қонунгузории андоз дар қисмати фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар хотимаи ҷаласа Раиси Шӯро Прокурори ноҳия-Собирзода И.М. дар назди масъулин ва роҳбарони идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта, масъулин баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифадор карда шуданд.

Навиди Балх

                        «16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗУРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ»

 Рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ» вохӯрии хотирмон бо иштироки занони фаъоли ноҳия доир гардид. Дар ин ҷамъомад яке аз занҳои фаъол собиқадори меҳнат Саодат Аллаёрова суханронӣ намуда, қайд намуд, ки танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила ҳалли масъалаҳои дохили оилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила ғамхорӣ нисбати некуаҳволӣ қобили меҳнати оила сурат мегирад. Қайд гардид, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила моро ба саодату хушбахтӣ рӯ ба рӯ мекунад. Аз ин рӯ бояд ҳар яки мо ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода тавонем. Ҳамчунин иштирокдорон аз лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёти хеш ёдрас гардида, ҳозиринро ба олами рангини он рӯзҳо ошно намуданд. Худи онҳо низ чун занони фаъол аз фаъолияти корӣ ва пешрафти кори занони имрӯза мисолҳо оварда, таҳсили духтаронро ҳатмӣ шумориданд.

                                   ВОХӮРИИ МУФИД ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ

 Санаи 7 декабри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи корӣ оид ба фаъолияти бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, мудири бахши фарҳанги ноҳия Латифзода Насиба бо кормандони соҳаи фарҳанг баргузор гардид. Сар аввал муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат оид ба корҳои иҷронашуда дар соҳа суханронӣ намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки кормандони соҳаи фарҳанг соли нави 2023-и мелодиро бо нишондодҳои хубу аъло пешвоз гиранд. 

              7 ДЕКАБР - РӮЗИКОРМАНДОНИРАЁСАТИМОЛИЯ

 Пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён ба ҳисоб меравад. Раёсати молияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баъд аз таъсис ёфтани Вазорати молия аз соли 1924 дар ноҳия кор ва фаъолият намуда истодааст. Дар сохтори мазкур айни замон 12 нафар хизматчиёни давлатӣ кор ва фаъолият намуда, ба 125 адад корхонаву ташкилот аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда ва 11 ташкилоти аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда хизмат мерасонад. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Декабрь 2022    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 

Серхонанда