НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ БАЙНИМАРЗӢ
декабрь 27 2022

ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ БАЙНИМАРЗӢ

ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ БАЙНИМАРЗӢ Санаи 22 декабри соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ ҷиҳати муаррифии муҳтавои мақолаи коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба масъалаҳои байналмилалӣ зери унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” бо иштироки Сарходими илмии пажуҳишгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Саймумин Раҳматзода, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонзода Хуршед, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар оғоз Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад мақсади таълиф ва муҳтавои мақолаи коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”-ро шарҳу тавзеҳи мушаххас дод. Ќайд гардид, ки мақсади асосии ин навиштаи мушаххас дар асоси санадҳои дақиқи таърихӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала мебошад. Номбурда дар идомаи суханронӣ далелҳои раднопазир, ҳақиқатҳои бебаҳс ва харитаҳои гуногуни таърихиро пешниҳоди ҳозирин кард: “Низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки инак наздики сад сол идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷро касб кардааст. Зикр намуд, ки баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад. Мавсуф бо овардани даҳҳо далелҳои муҳиму таърихӣ, таъкид дошт, ки ҷониби Тоҷикистон дар ягон ҳолат наметавонад ҳамчун кишвари таҷовузкор шинохта шавад, зеро Тоҷикистон ба қаламрави қонунии Қирғизистон дахолат накардааст, балки аз кишвари ҳамсоя бозгардонидани заминҳои қонунии худашро талаб дорад. Зеро як кишвар наметавонад ба қаламрави худаш «ҳуҷум» кунад ё ба он «таҷовуз» кунад. Аз ин рӯ, дар ин баҳсу буҳрон мавқеъ, талош ва муборизаи Тоҷикистон барои баргардондан ё озод кардани қаламрави ғасбшудаи худ моҳияти одилона дорад. Мақолаи коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо фарогири шарҳи коршиносӣ бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон буда, бо далелҳои дақиқу раднопазир ва пешниҳоди харитаҳои давраҳои гуногуни таърих таҳқиқоти арзишманди илмӣ ба анҷом расидааст. Сипас муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат дар самти хештаншиносиву ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, муаррифии фарҳангу забон ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ андешаронӣ намуд. Дар фарҷом иштирокдорон дар бораи таърихи заминҳои тоҷикон сухан гуфта, инчунин муҳтаво ва мазмуни мақолаи арзишманди илмии коршиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнаморо шарҳу тавзеҳ дода, онро ҳуҷҷати гаронарзишу асосноке барои ҳалли масъалаҳои марзӣ ва пешниҳоди он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон иштирокдорони конференсияи илмӣ-назариявӣ оид ба мазмуну муҳтавои мақола, заминҳои аҷдодии тоҷикон, далелҳои таърихӣ, ба имзо расидани созишномаҳо, муноқишаҳои сарҳадӣ ва фаъол будан дар ҷангҳои иттилоотӣ ҳангоми баҳсҳои марзӣ баромад карданд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 27 декабрь 2022 07:54
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 66
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

15 ноябрь 2022
Асосӣ
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМ Ӣ - АМАЛ Ӣ ДОИР ГАРДИД! Рӯзи 11 ноябри соли равон дар толори китобхонаи марказии ноҳияи

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Асосӣ
ВОХӮРИИ СУДМАНД

ВОХ Ӯ РИИ СУДМАНД Санаи 18-уми октябри соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Маълумоти бештар
06 октябрь 2022
Маориф
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ВА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи

Маълумоти бештар
28 сентябрь 2022
Асосӣ
«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ».

«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ». Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки ташкили

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Февраль 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728