НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » Ифтитоҳи Кӯдакистони Президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
март 21 2022

Ифтитоҳи Кӯдакистони Президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони Президентиро ифтитоҳ карданд.

   Бинои Кӯдакистони Президентӣ сеошёна буда, бо унсури миллӣ ва шаҳрсозии муосир бунёд гардидааст.

   Муассисаи нави томактабӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори  маҳаллӣ сохта шудааст.

   Дар кӯдакистон 330 нафар кӯдаки хуштолеи даврони соҳибистиқлол ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.

   Таълим дар муассисаи томакиабӣ бо ду забон, тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад. Шароити мусоиди муҳайёгардида, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шудааст, имконият медиҳад, ки кӯдакон шурӯъ аз зинаи аввали  таҳсилот бо бартариятҳо ба  таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.  

   Мувофиқи лоиҳа муассисаи томактабӣ аз синфхонаҳои  муҷаҳҳази дарсӣ, фароғатӣ ва дигар ҳуҷраҳо барои гузарондани машғулиятҳо, ҳуҷраҳои шустушуй, инчунин толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

     Дар дохили бинои муассиса ду толор, як толори бозии кӯдакон ва як толор барои гузаронидани чорабиниҳои муассиса мавҷуд мебошад.

   Бо назардошти шароити таълим дар маҷмӯъ дар муассиса 14 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Баъди ба фаъолият оғоз кардани Кӯдакистони Президентӣ 40 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки 20 нафари онҳо мураббияҳои соҳибкасбу ботаҷриба мебошанд. 

   30  нафар сокини маҳаллӣ дар рафти корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои кӯдакистони Президентӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин карда шуданд.  

prezident.tj

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Иштирок дар тантанаҳои

21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи биноҳои хобгоҳ

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи бинои Мактаби

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Март 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031