Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми август ҳамчун Рўзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 18 августи соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, Қурбонов Ниёзмаҳмад - сартабиби беморхонаи марказии ноҳия ва кормандони соҳаи тандурустӣ маҷлиси тантанавии Рўзи кормандони соҳаи тиб таҳлил карда шуд.
Нахуст Убайдуллои Файзулло - раиси ноҳия тамоми кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро ба ин муносибат табрик намуда, иброз дошт, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қадршиносӣ аз хизматҳои шоёни табибон аз соли 1995 инҷониб санаи 18 август ҳамчун Рўзи кормандони соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи идҳои давлатӣ ворид гардид.
Басо рамзист, ки 18 август устоди табибони ҷаҳон, фарзонафарзанди миллати тоҷик ва бузургтарин симои олами илму дониши башарӣ Абуалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар ватани азизамон ба маротиб рушд намуда истодааст.
Баъдан Қурбонов Ниёзмаҳмад-сартабиби беморхонаи марказӣ ва Холов Азизулло- роҳбари шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия суханронӣ намуда, табибонро ҳамчун пайравони асили Синои бузург маънидод карданд ва иброз доштанд, ки табибон минбаъд низ рисолати касбии хешро сарбаландона иҷро намуда, баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа хизмати пурсамар менамоянд.
Дар қисмати охири чорабинии мазкур собиқадорон ва кормандони соҳаи тиб барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи тандурустӣ ва фаъолияти бисёрсола дар роҳи хизмат ба халқу Ватан бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.